Таҳлили ман аз ҷанги ҷорӣ дар Ғазза ва Лубнон

Таҳлили хабарӣ

Таҳлили ман аз ҷанги ҷорӣ дар Ғазза ва Лубнон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷанги ҷорӣ дар Ғазза ва Лубнон, беш аз ин ки ҷанги сахт бошад, ҷанге нарм аст.

Яъне мо алъон дар Ғазза ва Лубнон, шоҳиди ду гуна ҷангем: яке, ҷанги сахт яъне ҳамин ки дар майдон дар ҷараён аст. Ва яке дигар, ҷанги нарм, ки бештар дар расонаҳо (дидорӣ ва навишторӣ) ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷорӣ аст.

1) Дар ҷанги аввал, яъне ҷанги сахт (инро аз рӯйӣ огоҳӣ ва иттилои комил ва аз забони касоне, ки алъон дар майдон ҳастанд нақл мекунам), ҳам размандагон дар Ғазза ва ҳам размандагон дар Лубнон, падари артиши Исроилро ба қавли эрониҳо, даровардаанд. Бале, талафоти инсонӣ бисёр зиёд аст, вайрониҳо ва харобиҳо бештар аз он ки тасаввураш мерафт аст, чӣ дар Ғазза ва чӣ дар Лубнон, аммо бо ин ҳама, ҷанг дар майдон сад дар сад ба нафъи Меҳвари Муқовимат аст ва инро беш аз ҳар касе дигар худи исроилиҳо медонанд.

Саҳюнистҳо зоҳиран эҳсос кардаанд (ва балки метавон гуфт, яқин доранд), ки ин ҷанг як ҷанги сарнавиштсоз аст, ки агар шикаст хӯрданд, кишвари ҷаълиашон фурӯ мерезад ва агар пирӯз шуданд, дар кулли Ховари Миёна пирӯз шудаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки саҳюнистҳо даст ба ҳама кор мезананд ва ҳеч чиз ва ҳеч касро намешиносанд.

Ва албатта, тарафи муқобил, яъне Меҳвари Муқовимат низ ба ҳамин бовар аст, ки ин ҷанг як ҷанги сарнавиштсоз барои ӯст, ки Худой нокарда шикаст хӯрд, Меҳвари Муқовимат ва аз ҷумла худи Эрони Исломӣ аз байн рафтааст. Бинобар ин, то ҷойе, ки огоҳам, Меҳвари Муқовимат алъон дар ҳоли анҷоми ҳамон корҳое аст, ки дар ҷанги Сурия анҷом медод. Яъне алъон дар Сурия лашкари “Зайнабиюн” ва лашкари “Фотимиюн” ва ба илова, лашкари “Собирин”, ҳама ҷамъ шудаанд, ки дар сурати лузум, вориди корзор шаванд. Албатта ҳанӯз Ҳизбуллоҳ аз онҳо хостааст такон нахӯранд, ки худи Ҳизбуллоҳ ба танҳоӣ корро тамоми хоҳад кард.

Ва ба гуфтаи баччаҳо дар Сурия, вазъи размандаҳо дар ҳоли ҳозир бисёр хуб аст ва аслан қобили қиёс бо даврони ҷанги Сурия нест, ки душман то қасри Асад расида ва ҳама мутмаин буданд кори Башшор Асад тамоми шудааст, аммо Меҳвари Муқовимат аз он пирӯз берун омад. Алъон ба гуфтаи баччаҳо, ҳама чиз олист ва барои пирӯзии ниҳоӣ, мисли замони Сурия ниёз ба 5 ё 6 сол нест, балки то 1 сол ва фавқаш 2 сол корро яксара мекунанд.

2) Ва аммо ҷанги нарм: дар ҷанги нарм – ки ҳам Исроил ва ҳам Омрико ба пирӯзӣ дар он хеле умед бастаанд – вазъият ба нафъи Меҳвари Муқовимат нест. Ва албатта ин, табиӣ низ ҳаст. Зеро тамоми ғулҳои расонаӣ дар дунё, чӣ дидории он ва чӣ навишториаш ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ихтиёри душманон аст ва ин, саҳюнистҳо ҳастанд, ки аз пушти парда вазъро ҳидоят мекунанд ва ҷиҳат медиҳанд ва ба гунае саҳнаро нишон медиҳанд, ки гӯӣ Исроил дасти дароз дорад.

Далелаш ҳам ин аст, ки шумо алъон агар ба касе бигӯед, ки Исроил дар майдон сифр аст, на танҳо аз шумо инро қабул намекунанд, балки шояд биханданд. Зеро зеҳни мардумро ҳамин расонаҳо, ҳамин гузоришҳо месозад.

Ва ҷиҳати дигар ин аст, ки Меҳвари Муқовимат дар арсаи ҷанги нарм, размандаҳо ва ба истилоҳ, “ҷангӯёни” қадаре надорад, лоақал мисли исроилиҳо нест ва аслан қобили муқоиса бо онҳо нест. Бинобар ин, ҷаҳониён чандон бовар надоранд, ки Исроил дар майдон кам оварда.

Ба ҳар сурат, мӯътақидам, ин ҷанг иншоаллоҳ бо пирӯзии ҳақ, яъне Меҳвари Муқовимат ва фурӯрезии комили режими ҷаълии “Исроил” ва наҷоти яҳуд аз чанголи саҳюнистҳо анҷом хоҳад гирифт, бале талафот бисёр зиёд мешавад, кушта ва захмӣ низ бисёр зиёд ва бештар аз ин ки то ҳанӯз буд мешавад, вале муҳим саранҷоми кор аст.

Яъне ҳамон тавре ки Меҳвари Муқовимат дар ҷанги Сурия, бо вуҷуди ин ки тамоми абарқудратҳои ҷаҳон, хусусан режимҳои арабӣ зидди он буданд ва Омрико тамоми тавонашро ба харҷ дода ва аз як сӯ низ Туркия даст ба кор шуда буд, вале бо ин ҳама Меҳвар пирӯз шуд, дар инҷо низ чунин хоҳад шуд, бахусус ин ки алъон кишварҳои арабӣ тақрибан ҳамаи онҳо бо Меҳваранд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фурудгоҳи Бен-Гурёни Исроил таътил шуд
Ҳоло фаҳмидед?!

Матолиби пурбоздид