Номаи таърихии Гондӣ ба Ҳитлер

Таърих

Номаи таърихии Гондӣ ба Ҳитлер

Моҳотмо Гондӣ дар рӯзи 27-июли соли 1939 ба Одулф Ҳитлер, пешвои нозиҳо, номае навишт ва аз ӯ хост, то аз вуқӯи ҷанг пешгирӣ кунад.

Матни ин номаи кӯтоҳ ба шарҳи зерин аст:

“Дӯсти азиз,

Дӯстонам мудом исрор мекунанд, ки маҳзи ризои инсоният, бароят номае бинависам. Аммо то кунун муқовимат кардаам, зеро эҳсос мекардам, ки ирсоли ҳар номае аз ҷониби ман, ба дур аз назокат бошад. Вале ҳиссе ба ман мегӯяд, ки бояд даст аз ҳисобу китобҳои инчунинӣ бардорам ва ба умеди кучактарин таъсир, дархостамро дар миён бигузорам.

Комилан возеҳ аст, ки дар ин бурҳа аз таърих, ту танҳо касе ҳастӣ, ки қудрати пешгирӣ аз вуқӯи ҷангеро дорӣ, ки метавонад башарро ба даврони барбарият баргардонад.

Оё ҳозирӣ барои ҳадафи ҳарчанд арзишманд барои худат, чунин ҳазинаеро пардохт кунӣ?

Оё ба дархости марде, ки мавқеият ва манзилаташро мадюни мухолифат бо ҷанг ва хушунат аст, таваҷҷӯҳ хоҳӣ кард?

Ба ҳар ҳол, интизор дорам, ки маро ба хотири ҷасоратам бибахшӣ.

Дӯсти ҳамешагии ту,

Моҳотмо Гондӣ

23/7/1939″

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ошноӣ бо Мавлоно ба забоне бисёр содда – I
Анвои низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

Матолиби пурбоздид