Муаррифии китоб
Китоби “Таъбири хоб” ва ҳикояти бисёр ҷолиби соҳиби ин китоб
Китобе ҳаст бисёр маъруф ба номи “Таъбири хоб”, навиштаи Ибни Сирин, ки агар иштибоҳ накунам, ба хатти сирилик низ дар Тоҷикистон чоп шуда буд. Ин китоби Ибни Сирин, дар миёни китобҳое, ки дар заминаи таъбири хоб навишта шуда ва ба ҳамин унвон маъруфанд, китоби мӯътабаре аст. Худи Ибни Сирин аз муҳаддисони бисёр машҳури олами ислом аст ва мавриди эҳтироми фавқулъода мебошад.
Аммо ин ки чаро Ибни Сирин дар заминаи таъбиру таъвили хоб маъруф аст ва мавриди эътимод дар ин замина, худаш достони аҷибе дорад, ки дар ин ёддошт мехоҳам дар бораи он бинависам, ба ин шарҳ:
Муҳаммад ибни Сирин ҷавоне буд бисёр дилрабо, ҳам аз назари зоҳир ва халқ ва ҳам аз назари ботин ва хулқ, яъне ҳам сирати зебое дошт ва ҳам сурати дилкаше. Уламо ӯро ба ҳазрати Юсуф (а) ташбеҳ мекунанд. Ӯ достоне дорад бисёр шабеҳи достони ҳазрати Юсуф (а).
Дар аёми ҷавонӣ, дар дӯкони порчафурӯшӣ ба унвони шогирд кор мекард. Як зани бисёр зебо ва сарватманд, ба баҳонаи хариди порча, ба мағозаи онҳо бисёр рафту омад мекард. Соҳиби мағоза ҳам ҳайрон мешуд, ки чаро ин зан бисёр харид мекунад.
Як рӯз он зан ба мағоза омад ва миқдори зиёде порча харид ва ба узри ин ки қодир ба ҳамли инҳо нест ва ба илова пул ҳамроҳ надорад, ба соҳиби дӯкон гуфт:
— Порчаҳоро бигузор ин шогирди шумо биёварад ва дари хона ба ман таҳвил диҳад ва пул бигирад.
Муҳаммад ибни Сирин порчаҳоро ба дӯш гирифт ва ҳамроҳи он зан омад.
То ба даруни хона дохил шуд, дар аз пушт баста шуд. Ибни Сирин ба дохили утоқи бошукӯҳе роҳнамоӣ гашт. Ӯ мунтазир буд, ки хонум ҳар чи зудтар биёяд, ҷинсро таҳвил бигирад ва пулро бипардозад.
Интизор ба тӯл анҷомид. Пас аз муддате, парда боло рафт. Хонум дар ҳоле, ки худро ҳафт қалам оройиш карда буд, бо ҳазор ъишва, по ба даруни утоқ гузошт.
Ибни Сирин дар як лаҳзаи кӯтоҳ фаҳмид, ки доме барояш густарда шудааст. Хост бо панду насиҳат ва бо хоҳишу илтимос, хонумро мунсариф кунад. Дид, беҳосил аст. Хонум ишқи сӯзони худро барои ӯ шарҳ дод, ба ӯ гуфт:
— Ман харидори аҷноси шумо набудам, харидори ту будам!
Ибни Сирин забон ба насиҳат ва мавъиза гушуд ва аз Худо ва қиёмат сухан гуфт, аммо дар дили зан асар накард. Илтимос ва хоҳиш кард, фоида набахшид. Зан гуфт:
— Чорае нест, бояд коми маро бароварӣ.
Ва ҳамин ки дид Ибни Сирин дар ақидаи худ пофишорӣ мекунад, ӯро таҳдид кард ва гуфт:
— Агар ба ишқи ман эҳтиром нагузорӣ ва маро комёб насозӣ, ҳамин алъон фарёд мекашам ва мегӯям, ин ҷавон нисбат ба ман қасди бад дорад. Он гоҳ маълум аст, ки чӣ бар сари ту хоҳад омад!
Мӯй бар бадани Ибни Сирин рост шуд. Аз тарафе, имон ва ақида ва тақво ба ӯ фармон медод, ки покдомании худро ҳифз кун. Аз тарафи дигар, сар боз задан аз таманнои он зан, ба қимати ҷону обрӯ ва ҳама чизаш тамом мешавад. Дар инҷо фикре мисли барқ ба зеҳнаш расид.
Ва он ин ки: коре кунам, ки ишқи ин зан табдил ба нафрат шавад ва худаш аз ман даст бардорад. Агар бихоҳам домани тақворо аз олудагӣ ҳифз кунам, бояд як лаҳза олудагии зоҳирро таҳаммул кунам.
Аз ин рӯ, ба баҳонаи қазои ҳоҷат, аз утоқ берун рафт, дақоиқе пас бо вазъу либоси олуда ба касофат аз мустароҳ баргашт ва ба тарафи зан омад.
То чашми он зан ба ӯ афтод, рӯй дарҳам кашид ва фавран ӯро аз манзил хориҷ кард.
Қаламонлайн