Мадинаи фозилаи Форобӣ

Таърих

Мадинаи фозилаи Форобӣ

“Ороу аҳлил-мадинатил-фозила ва музодоттуҳо” асари Абӯнасри Форобӣ (259-339ҳ.қ.), дар заминаи ормоншаҳри исломӣ аст. Форобӣ дар ин асар, саъй кардааст, усули мантиқӣ ва ақлонии зиндагии башариро бо мабонии динӣ, ки ба он сахт мӯътақид буд, даромезад ва тарҳе нав барои идораи ҷомеаҳои башарӣ бирезад.

Форобӣ дар ҳамон қарнҳои аввали исломӣ ба дунболи ормоншаҳре аст, ки ислом навиди онро дода ва усули онро поягузорӣ намудааст, вале ҳуккоми ба зоҳир мусалмон аз он фосила гирифтаанд. Ба ҳамин далел, афкори Форобӣ дар мавриди мадинаи фозила хусусан ҳукумати фузало ва донишмандон, ба руъёгароӣ таъбир шудааст.

Инак, сохтори китоб:

Китобро метавон ба ду бахши умда: фалсафӣ ва сиёсӣ-иҷтимоӣ тақсим кард, ки дар воқеъ бахши нахуст муқаддимае аст бар бахши дуввум:

1) Бахши фалсафӣ

Ин бахш, дар бораи баҳс перомуни илоҳиёт оғоз мешавад. Албатта Форобӣ дар ин китоб, дар садади овардани далел бар вуҷуди Худо нест ва вуҷуди Худовандро ба унвони амре равшан ва бадеҳӣ мепазирад ва ӯро “мавҷуди аввал” меномад, яъне мавҷуде, ки сабаби вуҷуди дигар мавҷудот аст ва аз ҳар нақсе холӣ аст.

Аз “мавҷуди аввал” мавҷуди сонӣ ба вуҷуд меояд ва ин мавҷуди сонӣ низ ҷавҳар аст ва моддӣ нест. Ӯ ақли холис аст (ин ақл ғайр аз он ақле аст, ки мо мефаҳмем), ки ҳам худро ва ҳам мавҷуди аввалро таъаққул мекунад ва аз ин таъаққули дугона соири ақлҳо падид меоянд. Ин ақлҳо аз он ҷо, ки моддӣ нестанд, пас зидде надорад.

Инсон: узви аслӣ дар ҷисми инсон қалб аст. Қалб, маркази эҳсос, тахайюл ва шаҳват аст ва он сарчашмаи ҳарорати ҳайвонӣ аст, ки аз ноҳияи ӯ дар дигар аъзо пароканда мешавад, ҳамчунон ки он сарчашмаи руҳи ҳайвонӣ аст, ки ин ҳароратро ҷо ба ҷо мекунад.

Ба назари Форобӣ, аъзои бадан ба гунае сомон ёфтаанд, ки бархе пайрави бархе дигаранд ва ин чизе аст, ки мароҳили шаклгирии ҷанин онро исбот мекунад; зеро қалб нахустин узве аст, ки дар ҷанин шакл мегирад ва пас аз он димоғ (мағз) аст ва сипас кабид ва тиҳол ва он гоҳ дигар аъзо. Дар инҷо Форобӣ дар дидгоҳ ва назарияҳои пизишкии қадим дар бораи мароҳили шаклгирии ҷанин тардид раво медорад.

2) Бахши сиёсӣ-иҷтимоӣ (Мадинаи фозила ва нуқтаи муқобилаш)

Инсон, ҷуз дар ҷомеа наметавонад боқӣ бимонад. Ҷомеаҳои башарӣ бар ду гунаанд: бархе аз онҳо комил ва бархе дигар ғайрикомил ҳастанд. Ҷомеаҳои комил низ бар се гуна: бузург (обод), миёна (уммат) ва кучак (мадина) тақсим мешаванд. Ҷомеаҳои ғайрикомил иборатанд аз: русто, маҳалла, кӯй ва манзил.

Форобӣ мӯътақид аст, хайри бартар ва камоли ниҳоӣ, ба мадина (шаҳр) мерасад, на иҷтимое, ки камтар ва ноқистар аз он аст. Мадинаи фозила ҳамонанди пайкари комилу томм аст, ки аъзои он барои таҳаққуқ бахшидан ба зиндагӣ ва ҳифзи он, бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд.

Ва ҳамон гуна ки ҳар як аз аъзои пайкари одамӣ таҳти фармони як раис – ки ҳамон қалб аст – қарор доранд, шаҳр низ бояд ингуна бошад. Ва ҳамон гуна ки сомондиҳии аъзо бо қалб аст, раиси шаҳр низ ингуна аст ва ӯ бояд комилтарин узви шаҳр бошад ва нахуст ӯ бояд истиқрор ёбад, то битавонад шаҳрро назм бахшад ва онро сомондиҳӣ кунад.

Раиси шаҳр, касе аст, ки инсоният дар ӯ ба таври комил таҳаққуқ ёфта, ақли ӯ комилтарини ақлҳост. Ин шахс файласуф аст ва файласуф рӯйдодҳои ҳолро ба некӯтарин ваҷҳ тафсир ва рӯйдодҳои ояндаро пешбинӣ мекунад. Ӯ дар воқеъ паёмбар аст ва чунин касе раиси шаҳр, уммат ва ҷомеаи бузурги фозила аст.

Раиси мадинаи фозила дорои 12 вежагӣ аст. Бархе аз ин вежагиҳо ба ҷисм ихтисос дорад ва ин вежагиҳо иборатанд аз ин ки: хушфаҳм бошад, он чиро, ки мефаҳмад ба хубӣ ҳифз кунад, боҳуш ва зирак бошад, хушбаён бошад, дӯстдори таълим ва ёдгирӣ бошад.

Бархе дигар аз вежагиҳои ӯ ҳам ба ахлоқ марбут мешавад. Вежагиҳои ахлоқии раис иборатанд аз ин ки: озманд набошад, дӯстдори ростӣ бошад, нафси ӯ бузург бошад, аз умури нописанд ва паст дурӣ гузинад, дӯстдори адолат бошад ва азму иродае нерӯманд дошта бошад.

Гирд омадани чунин вежагиҳое дар як нафар амре душвор аст ва ҷуз дар мавориде андак ва ё яке пас аз дигаре ёфт намешавад (яъне фақат дар паёмбарон ёфт мешавад).

Бинобар ин, ҳар гоҳ дар замоне чунин фарде ёфт нашавад, шариатҳо ва қонунҳое, ки аз сӯйи ин раиси аввал вазъ шуда, мавриди амал қарор хоҳад гирифт ва дар ин сурат, раиси дуввум, ки ҷонишини раиси аввал аст, касе аст, ки дар ӯ бояд 6 шарт вуҷуд дошта бошад: ҳаким бошад, ҳофизи қонунҳое, ки раиси аввал вазъ карда бошад, қудрати идрок ва истинботи ӯ дар бораи мавзӯъоте, ки дар мавриди онҳо аз пешиниён ҳукм ва қонуне боқӣ намонда, қавӣ ва некӯ бошад, андешае некӯ дошта бошад, қудрати иршод ва ҳидояти ӯ аз роҳи гуфтор некӯ бошад, аз санойеъи низомӣ ва саноати ҷангӣ бархӯрдор бошад.

Нуқтаи муқобили мадинаи фозила

Нуқтаи муқобили мадина фозила аз назари Форобӣ, мадинаҳои ғайрифозила ҳастанд. Форобӣ мадинаҳои ғайрифозиларо ба чаҳор қисми бузурги зер тақсим кардааст:

1) Мадина ҷоҳила: ва он мадинае аст, ки мардуми он саодати ҳақиқиро намешиносанд ва бар ин боваранд, ки ҳадафи ниҳоӣ аз зиндагӣ, тандурустӣ, тавонгарӣ ва баҳрагирӣ аз лаззоти моддӣ ва пайравӣ аз ҳавоҳои нафсонӣ аст ва ин ки назди мардум аз эҳтиром бархӯрдор бошанд ва ононро бузург шуморанд;

2) Мадина фосиқа: ва он мадинае аст, ки мардуми он саодатро мешиносанд ва ба вуҷуди Худо огоҳӣ доранд, аммо рафтори онон ҳамон рафтори мардуми мадинаҳои ҷоҳила аст;

3) Мадинаи мубаддала (ё мубдала): ва он мадинае аст, ки оро ва андешаҳои мардуми он ибтидо ҳамон оро ва андешаҳои мардуми мадинаи фозила буда, аммо пас аз он, ин оро ва андешаҳо ба оро ва андешаҳои нодуруст ва фосид тағйир ёфтааст;

4) Мадина золла: ва он мадинае аст, ки мардуми он дар бораи Худо ақидаи фосид ва нодурусте доранд. Раиси чунин мадинае аз касоне аст, ки мепиндорад ба онон ваҳй мешавад ва ҳол он ки инчунин нест.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дардҳои имрӯзи мо…
Модарони бартар

Матолиби пурбоздид