Сираи Алӣ (а) дар ҳукмронӣ
Маорифи исломӣ
Ҳазрати Алӣ (а) дар даврони хилофат ва ҳукмронии худ, хитоб ба мардум фармояд:
فَلَا تُكَلِّمُونِي بِمَا تُكَلَّمُ بِهِ الْجَبَابِرَةُ وَلَا تَتَحَفَّظُوا مِنِّي بِمَا يُتَحَفَّظُ بِهِ عِنْدَ أَهْلِ الْبَادِرَةِ وَلَا تُخَالِطُونِي بِالْمُصَانَعَةِ، وَلَا تَظُنُّوا بِي اسْتِثْقَالًا فِي حَقٍّ قِيلَ لِي وَلَا الْتِمَاسَ إِعْظَامٍ لِنَفْسِي، فَإِنَّهُ مَنِ اسْتَثْقَلَ الْحَقَّ أَنْ يُقَالَ لَهُ أَوِ الْعَدْلَ أَنْ يُعْرَضَ عَلَيْهِ، كَانَ الْعَمَلُ بِهِمَا أَثْقَلَ عَلَيْهِ. فَلَا تَكُفُّوا عَنْ مَقَالَةٍ بِحَقٍّ أَوْ مَشُورَةٍ بِعَدْلٍ
“Бо ман он сон, ки бо ҷабборон ва ситамгарон сухан мегӯянд сухан нагӯед; унвонҳои пуртантана (мисли ҳазрати воло, қиблаи олам ва ҷаноби олӣ ва ғайра аз ановини пуртантана) бароям ба кор набаред; он мулоҳизакориҳо ва мувофиқатҳои маслиҳатӣ, ки дар баробари мустабиддон изҳор медоранд, дар баробари ман изҳор мадоред; бо ман ба сабки созишкорӣ муошират накунед. Гумон накунед, ки агар баҳақ сухане ба ман гуфта шавад, бар ман сангин ояд ва агар касе маро таҷлилу таъзим кунад, (хушам ояд). Зеро ҳар кас шунидани ҳақ ё арза шудани адолат бар ӯ нохуш ва сангин ояд, амал ба ҳақ ва адолат бар ӯ сангинтар аст. Пас, аз сухани ҳақ ё назари одилона худдорӣ накунед…” (Наҳҷулбалоға, хутбаи 216)
Қаламонлайн













