Эътиёд ба интернет

Таҳлили хабарӣ

Эътиёд ба интернет

Муътодони интернетиро даво мебояд!

Ҷовид Муқим

Агар имруз ба ин мушкилот таваҷҷуҳ нашавад, пагоҳ дер мешавад

Дар автобуси шаҳрӣ ҷавонзане барои он ки духтарчаи тақрибан яксолааш ором шавад, телефони дастиашро ба ӯ дод. Кӯдак боз бештар ғаш карда, мехост, ки модар барояш мултфилм монад. Пӯшида нест, ки имрӯз аксари волидони ҷавон барои он ки кӯдаконашон ғам надиҳанд, худ ба дасти онҳо телефону планшет медиҳанд. Ҳамин тавр ба телефони мобилӣ ва ба интернет одат кардани кӯдакон шурӯъ мешавад. Вақте дар ин мавзуъ суҳбат мекардем, як ҳамкорамон гуфт, ки наберааи дусолааш агар барояш то аз телефон мултфилм намонем, ғизо намехӯрад. Яъне, аз хурдсолӣ кӯдакон ба телефону планшет одат мекунанд ва чун камтар калонтар шуданд, аз интернет тафреҳ меҷӯянд. Борҳо шоҳиди он шудаам, ки кӯдакони ҳатто аз 7-сола хурд, дар зинапояҳои даромадгоҳи биноҳои бисёрошёна нишаста, ба мавҷи интернети ҳамсояҳо дастрасӣ меҷӯянд ва муваффақ шуда, аз ютубу инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтавои хандаовар ва аксаран таҳқировару зиёновар мебинанд, ки мафкураашонро хароб мекунад. Ин амал сол ба сол афзоиш меёбад ва имрӯз кам наврасону ҷавонон ҳастанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода накунанд. Мутаассифона, онҳое, ки ба интернет сар мезананд, аз он барои афзун кардани донишу маърифат истифода накарда, ба тамошои муҳтавои пастсифату камарзиш рӯ меоранд ва ин дар навбати худ онҳоро ба гирдоби олами маҷозӣ ғӯтавар карда, шахсро муътод месозад. Ҳанӯз 5 сол қабл шоҳиди чунин муътодшавии як журналист шуда будам. Бегоҳ бо ҳамсояамон шодравон Дӯстмурод Бобоев дар назди ҳавлии бинои истиқоматиамон суҳбат доштем, ки ин журналисти шогирдамон моро дида, барои салому ҳолпурсӣ омад. Аз суҳбат маълум шуд, ки ноутбукашро дар ҷои кораш фаромӯш кардааст, ҳоло барои онро гирифтан пас мерафтааст. Аз ӯ пурсидам, ки шаб чизе менависӣ?

– Не, – гуфт ӯ. – Ман бе фейсбукҷон наметавонам. Шабро дар олами маҷозӣ рӯз мекунам.

Маълум гардид, ки ӯ муътоди шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Ҳоло аксари ҷавонон ба муътодии интернетӣ гирифтор шудаанд ва худро бе олами маҷозӣ тасаввур карда наметавонанд. Агар мушоҳида карда бошед, дигар наврасону ҷавононро беҳуда дар кӯча камтар мебинед ва ё бинед ҳам, савори автобусу роҳгардӣ низ баъзеашон чашм аз монитори смартфону айфон намебардоранд. Онҳоро олами маҷозӣ гӯшанишин кардааст. Аксари онҳо ғизои солим намехӯранд, то ки аз монитор канда нашаванд.

Ҳоло ин ҳолат дар аксари кишварҳои дунё тавсеа ёфта, фарогир шудааст. Ин амал аз нашъамандиву майзадагӣ ҳам хатаровар аст. Зеро на ҳама арақу нашъа истеъмол мекунанд. Вале муътодии интернетӣ ба ояндаи миллат, ба генофонди миллӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Абдуқодир Талбаков, журналисти тоҷик 10 ноябри соли 2024 аз коҳишёбии сатҳи маърифати ҷавонон дар фейсбук изҳори нигаронӣ карда буд:

Даҳшат!!! Сатҳи маърифату фарҳангу фаросати ҷавонони миллатро фаҳмидан мехоҳед? Ба инстаграм сар бизанед.

Тибқи иттилои расмӣ ба моҳи июли соли 2024 аз 8,09 млрд. нафар аҳолии ҷаҳон, корбарони интернет 5 миллиарду 450 миллион нафар ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ 5 миллиарду 170 миллион нафарро ташкил доданд. Ҳоло беш аз 67% аҳолии ҷаҳон аз интернет истифода мекунанд. Ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон муштариён дар як рӯз 6 соату 40 дақиқаро дар интернет сарф мекунанд.

Тибқи пешгӯиҳо, то охири соли 2024 шумораи корбарони интернет дар ҷаҳон ба 6 миллиарду 260 миллион нафар мерасад ва то соли 2029 теъдоди онҳо аз 7 миллиарду 32 миллион нафар мегузарад.

Дар Русия ба ҳисоби миёна як нафар рӯзе 8 соату 21 дакиқаро дар интернет сарф мекунад, ки ин баробари як рӯзи корӣ аст. Дар бораи чӣ қадар рӯзе масраф шудани вақти корбарони интернет дар Тоҷикистон маълумоте дастрас нест, вале шояд он аз корбарони Русия кам набошад.

Аз рӯи маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи корбарони интернет дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон ба 4,18 млн. нафар барорбар будааст. Сатҳи фарогирии интернет дар Тоҷикистон дар оғози соли 2024 41,6 фоизи аҳолиро ташкил дод. Таҳлили Kepios нишон медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2023 то январи соли 2024 корбарони интернет дар Тоҷикистон 117 ҳазор нафар (2,8 %) афзоиш ёфтаанд.

Дар моҳи январи соли 2024 дар Тоҷикистон 1 миллиону 600 ҳазор корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ буданд, ки ин ба 15,6 дарсади шумораи аҳолӣ баробар аст.

Бояд гуфт, ки 69,8 фоизи аҳолии Тоҷикистон синни аз 35-сола поинанд. Аз ин ҷумла, 31,7 фоизи аҳолӣ ҳанӯз ба синни 12 нарасидаанд. Чунин тақсимшавии аҳолӣ ба сол аз сол афзоиш ёфтани корбарони интернет мусоидат мекунад. Зеро ҳоло аксари наврасону ҷавонон аз интернет истифода карда, муштарии шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Ба иттилои Meta Facebook дар аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 548,8 ҳазор корбар дошт, ки ин 7,8 фоизи аудиторияи “қобил” дар кишварро ташкил медиҳад. Корбарони Facebook аз моҳи январи соли 2023 то январи соли 2024 – 114 ҳазор (26,2 %) афзоиш ёфтааст.

Корбарони Instagram дар Тоҷикистон нисбат ба Facebook қариб 3 маротиба зиёд аст. Аз ҷумла, тибқи маълумоте, ки дар абзорҳои таблиғи Meta нашр шудаанд, Instagram дар аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 1,60 миллион корбар дошт, ки ин 22,9 фоизи аудиторияи “қобил” дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Корбарони Instagram дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 то январи соли 2024 – 797 ҳазор (99,3 %) афзоиш ёфтааст.

Пажуҳиш нишон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон кӯдакони 8-12-сола дар як рӯз 4-6 соат ва наврасон то 9 соат вақти худро дар интернет мегузаронанд. Далелҳо ва таҳқиқоти охирин нишон медиҳанд, ки ин метавонад ба саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ расонад.

Ба навиштаи сомонаи Радиои «Озодӣ» Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар охири моҳи октябри соли равон истифодаи бозиҳои “Counter Strike” ва “Grand Theft Auto”-ро барои кӯдакону наврасон манъ кард. Тибқи хулосаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳарду бозӣ саҳнаҳои зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ зиёд аст. Воқеан ҳам, тамошои чунин саҳнаҳо ба психикаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ҷумла, тартиби хоб халалдор мешавад ва шахс хоби дуруст намеравад. Илова бар ин, нури кабуд, ки аз экранҳо мебарояд, метавонад ба истеҳсоли мелатонин, ҳормоне, ки хобро танзим мекунад, халал расонад.

Вақти тӯлонии тамошои экран метавонад ба хушкии оби чашмҳо, дарди сар ва заиф шудани биниш мусоидат намояд.

Беҳаракатӣ, ки аз тамошои экрани телевизиор ва монитори компютеру телефонҳои мобилӣ сар мезанад, як омили хавф барои фарбеҳӣ ва дигар мушкилоти марбут ба саломатӣ, аз ҷумла ҳолати бад ва мушкилоти мушакҳо мебошад, ки ба дарди гардан, китф ва миён меорад.

Вақти аз ҳад зиёди назди экран нишастан, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонад эҳсоси танҳоӣ, изтироб, депрессия ва худбаҳодиҳии пастро ба вуҷуд орад.

Ҳамчунин вақти аз ҳад зиёди назди экран масрафшуда метавонад боиси коҳиши тамаркуз, самаранокӣ ва маҳсулнокӣ гардад. Як гурӯҳи осебпазир кӯдакон мебошанд. Вақти аз ҳад зиёд дар назди экран масрафшуда ва муддати тӯлонӣ ба ин амал машғул шудан ба майнаи инкишофнаёфтаи кӯдакон, аз ҷумла таваҷҷуҳ, хотира, тамаркуз ва рафтори онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳқиқоти рушди маърифатии наврасон (бузургтарин таҳқиқоти дарозмуддати рушди мағзи сар ва саломатии кӯдакон дар ИМА) собит кардааст, ки вақти зиёди назди экран масрафшуда ба афзоиши майнаи кӯдакон таъсири зараровар мерасонад. Тадқиқот нишон дод, ки кӯдаконе, ки дар як рӯз беш аз 2 соат дар экран вақт мегузаронанд, дар санҷишҳои мулоҳизаронӣ ва забон бадтар кор карданд. Дар кӯдаконе, ки дар як рӯз беш аз 7 соатро дар назди экран мегузаронанд, борикшавии қабати мағзи сар, қисми майна, ки барои мулоҳиза ва тафаккури интиқодӣ масъул аст, ба мушоҳида расид.

Дар як назарсанҷӣ, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии EdWeek дар моҳҳои январ ва феврали соли 2022 дар байни тақрибан 900 омӯзгорони мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка гузаронида шуд, 80 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки зиёд шудани вақти назди экран масрафшуда рафтори кӯдаконро бадтар мекунад.

Бояд гуфт, ки наврасону ҷавонон дар бисёр кишварҳо қисми асосии истифодабарандагони интернет ва ҳамзамон осебпазиртарин табақаи аҳолӣ мебошанд. Ҷумҳурии Халқии Хитоя аввалин кишваре дар ҷаҳон аст, ки муътодии интернетро ҳамчун бемории рӯҳӣ эътироф кардааст. Дар робита ба ин, беш аз 20 сол аст, ки дар ин кишвар барои ҳифзи иттилоотӣ ва психологии муътодони навраси гирифтори интернет садҳо лагерҳои табобатӣ таъсис дода шудаанд. Дар ин муассисаҳои табобатӣ, ки аз рӯи намунаи ҳарбӣ амал мекунанд, муътодон бо машқҳои ҳарбӣ, фаъолияти ҷисмонӣ, бозиҳо, муошират, дастгирии психологӣ, дарсҳо оид ба ахлоқи миллӣ табобату тарбия карда мешаванд. Дар ҳудуди ин муассисаҳои тиббӣ гаджетхо тамоман дастрас нестанд. Хизматрасонӣ дар муассисаҳои мазкур пулакӣ буда, тақрибан якуним ҳазор доллар арзиш дорад ва муҳлати маъмулии табобат то шаш моҳ давом мекунад.

Мутаассифона, то ҳол дар Тоҷикистон пажуҳише оид ба муътодии наврасону ҷавонон гузаронида нашудааст. Вале мушоҳидаҳои шахсӣ нишон медиҳанд, ки аксари наврасону ҷавонон ба муътодшавии интернетӣ моил ҳастанд. Масалан, аксари донишҷӯён новобаста аз таъкидҳои пайваста дар дарс чашм аз смартфонҳои худ намекананд ва ҳушу ёдашон дар олами маҷозӣ чарх мезанад. Ҳатто донишҷӯёни аълохон дигар ба дарсҳо омода намешаванд ва дараҷаи донишандӯзиашон паст рафта истодааст. Дар умум сатҳи маърифати донишҷӯёни имрӯза аз донишҷӯёни ду-се сол пеш паст мебошад. Дар Тоҷикистон ҳам вақти он расидааст, ки муътодони интернетӣ ба табобат фаро гирифта шаванд. Зеро сол то сол теъдоди гирифторони интернет афзуда, ин оқибатҳои хуб нахоҳад дошт.

Ба ғайр аз табобат бояд роҳҳои пешгирии муътодшавӣ роҳандозӣ карда шавад. Масалан, дар Австралия лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки дастрасии наврасони то 16-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад. Феълан дар Австралия низоми санҷишие амал мекунад, ки синну соли корбарони шабакаҳои иҷтимоиро месанҷад. Нахуствазири Австралия Энтони Албанез дар нишасти матбуотӣ 7-уми ноябри соли равон гуфт, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон зарар дорад.

Дар сурати қабул шудани ин қонун истифодаи шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, X ва TikTok барои наврасони то 16-сола дар Австралия манъ мешавад.

Баъзеҳо ҷонибдори аз интернет истифода кардани кӯдаконанд. Ман ҳам ба ин зид нестам, агар онҳо воқеан ҳам аз интернет барои омӯзиш, ҷустуҷӯи маълумоти зарурии муфид истифода бикунанд. Вале дар асл аксари наврасону ҷавонон интернетро барои тамошои фисқу фуҷур, маводи камарзиш ва зараровар истифода мебаранд. Бинобар ин, ман пешниҳод мекунам, ки дастрасии интернет ба кӯдакон бе назорати бевоситаи волидон то ба синни балоғат расидани онҳо, яъне то ҳаждаҳсолагӣ бояд қонунан манъ карда шавад. Зеро барои мағзи кӯдакон, ки ҳоло пурра ташаккул наёфтааст, муҳтавои зиёновар бештар таъсири манфӣ мерасонад. Набояд фаромӯш кард, ки ба ифротгароиву терроризм гаравидани ҷавонон низ аксаран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Ҷовид Муқим

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёиш
Шабакаи 12 Исроил: “Артиши Исроил омодаи дахолати эҳтимолӣ дар Сурия мешавад”

Матолиби пурбоздид