Мақоми амниятии Исроил: “Мухолифони Башшор Асад дар Сурия дар садади ифтитоҳи сафорати Исроил дар Димишқ ва Бейрут ҳастанд”
Ахбори байналмилал
Farsnews
Мордехай Кейдар – мақоми бознишастаи амниятии режими саҳюнистӣ гуфт, ки “раҳбарони мухолифини Сурия дар ҳоли барномарезӣ барои фатҳи сафорати Исроил дар Димишқ ва Бейрут ҳастанд”.
Вай дар гуфтугӯ бо “Коноли 2”-и Исроил гуфт, ки ӯ дар тамоси доимӣ бо раҳбарони “мухолифин” ва ҷиноҳҳои опозисион аст ва онҳо Исроилро душман намедонанд.
Мордехай Кейдар афзуд, ки ин гурӯҳҳо дар ҳоли барномарезӣ барои гушудани сафорати Исроил дар Димишқ ва Бейрут ҳастанд, албатта агар муваффақ шаванд.
Ин мақоми бознишастаи саҳюнистӣ, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони коршиноси умури кишварҳои Ховари Миёна фаъолият мекунад, бо таъкид бар ин ки “онҳо Исроилро роҳи ҳал медонанд, на мушкил”, таъкид кард, ки мухолифин омодаи тавофуқи сулҳ бо Исроил ҳастанд, аммо ба шарте, ки Сурия ва Лубнонро таҳти контрол бигиранд.
Кейдар афзуд: “Ман бо мухолифин дар Сурия дар тамос ҳастам ва феҳристи дақиқи таҷҳизотеро, ки онҳо аз Исроил дархост карда буданд, ба мақомот мунтақил кардам.”
Farsnews
Қаламонлайн