Ба некӯкорӣ ба мардум фармонравоӣ кун

Ба некӯкорӣ ба мардум фармонравоӣ кун

Номаи Искандар ба Арасту

Ай устоди донишманд! Бидон, ки ман дар кишвари Эрон мардуме мебинам хирадмандтар аз дигар миллал. Теҳзуш ва дар ҷаҳондорӣ пештоз, бар дигар фармонравоён гарданфароз. Аз чунин мардумон ҳаросонам, ки бар ман бишуранду кишвару ҷаҳондории маро пурошуб кунанд. Бар он шудам то ҳамагии он мардумро аз дами теғи бедареғи худ бигузаронам. Устодро дар ин чӣ раъй аст?

Посухи Арасту ба Искандар

Ай Искандар! Агар ту андешаи куштани мардуми Эронро дорӣ, ин корест, ки метавонӣ бикунӣ. Аммо бидон, ки наметавонӣ кишвари Эронро, ки чунин мардумонеро дар домани худ мепарваронад бикушӣ ва ҳаргиз наметавонӣ обу ҳавои сарзамини Эронро, ки чунин мардумонро ба бор меоварад, дигаргун созӣ. Пас, чора ҷуз он нест, ки ба меҳрубониву некукорӣ ба мардуми Эрон фармонравоӣ бикунӣ ва агар чунин бикунӣ дилҳои мардуми Эронро ба даст оварда ва он мардумонро дӯстдори худ созӣ, подшоҳии ту бар он кишвар пояндатар хоҳад буд.

Аз китоби «Табақот-ул-атиббо вал-ҳукамо»-и Ибни Ҷалҷали Андалусӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарчашмаи яқин
Тамаддуни исломӣ дар баёни Ҷорҷ Сортун

Матолиби пурбоздид