Иосиф Сталин
Ёддошти Устод Сайфуллоҳ Муллоҷон
Ба баҳонаи зодрӯзи “доҳии пролетарҳои ҷаҳон” Иосиф Сталин (18 декабри соли 1878 – 5 марти соли 1953)
Мо тоҷикон ҳар гоҳ номи Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоеву Чинор Имомов ва дигар раҳбарони шаҳиди Тоҷикистони Шӯравиро зикр кунем, дар баробари ёди некашон диламон барои сарнавишти талхи онон хун мешавад, ки ҳама аз дасти раҳбари хуношому қотили даврон Истолини ситамгар, ки гум бод номаш, талаф шуданду бегӯру кафан дар даштҳои Сибир ба хоби абадӣ рафтанд. Агар то сури Исрофил ин саффоки мардумозорро, ки миллионҳо инсонро бегуноҳ қурбон карду бехонумон, сафед кунанд ҳам ин зангӣ “ба шустан нагардад сафед”. Аммо бубинем, ки дар замони раҳбарии ин ситамгар ба сари раҳбарони аввали кишварҳои ҳамсоя чӣ омад, то шояд дидаҳо ибратбин гарданду аз ҳимояти як дев даст бардоранд…
Раҳбарони Узбекистони Шӯравӣ
Файзулло Хоҷаев солҳои 1920-1924 раиси комиссарони Ҷумҳурии Бухоро ва 1925-1937 раиси Комиссарони Узбекистони Шӯравӣ.
Соли 1937 дастгир ва мавриди шиканҷаву озори маъмурони НКВД қарор гирифта, соли 1938 барои “ҷосусӣ ба суди Германия, Ҷопон, ИМА ва Полша” ба марг маҳкум шуд.
Каримов Абдулло, ки ба ҷойи Файзулло Хоҷаев муддате раиси Комиссарони Узбекистон шуд, соли 1940 ба қатл маҳкум шуд.
Акмал Икромов солҳои 1929-1937 котиби аввали ҳизби коммунистии ҶШС Узбекистон будааст. Соли 1937 боздошт ва соли 1938 ба марг маҳкум гашта парронда мешавад.
Додгоҳи Олии Шӯравӣ пас аз марги Истолин ҳамаи онҳоро сафеду бегуноҳ эълон кард.
Раҳбарони ҳизбӣ ва давлатии Қазоқистон
Муҳаммадхафӣ Мурзагалиев, Сакен Сайфуллин, Виктор Нанейшвили, Филлип Голошекин, Левон Мирзоян ба қатл маҳкум ва баъдтар сафед карда мешаванд. Ҳамаи ин афрод пас аз марги Истолин сафед гаштанд.
Раҳбарони ҳизбӣ ва давлатии Қирғизистон
Максим Амосов, Карим Канабоев, Иманалӣ Ҳайжарбеков, Юсуф Абдураҳмонов, Абдуқодир Уразбеков, Султон Сагизбоев ба марг маҳкум мешаванд ва боз ҳам Додгоҳи олии Шӯравӣ ба бегуноҳияшон раъй медиҳад.
Раҳбарони Туркманистони Шӯравӣ
Межалук Иван Иванович аввалин раҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Туркманистон, ки аз соли 1917 ба ҳаракатҳои инқилобӣ мепайвандад ва дар замони ҷанги шаҳрвандии Шӯравӣ фаъолона дар ҷанг иштирок карда, дастовардҳои Ҳукумати Шӯравиро ҳимоят мекунад, соли 1924 раҳбари Ҷумҳурии Туркманистон мешаваду солҳои 1926-1936 дар вазифаҳори баланди ҳизбӣ ва давлатии Русияи Шӯравӣ ифои вазифа мекунад. Декабри соли 1937 боздошт мешаваду апрели соли 1938 ба марг маҳкум мегардад. Апрели 1956 сафед мешавад.
Пасутский Николай Антонович, ки аз вазифаи раиси Госплани Турманистон то котиби аввали Ҳизби коммунисти Туркманистон дар соли 1928 таъйин мегардад, 28 октябри соли 1938 ба марг маҳкум шуда ҳамин рӯз парронда мешавад. Баъдан ӯ низ бегуноҳ эълон мешавад.
Солҳои 1928-1930 раҳбари аввали Туркманистон Григорий Аронштам мегардад. Ӯ дар солҳои душвори муборизаҳои инқилобӣ дар империяи Русия чанд бор зиндонӣ гардид. Январи соли 1938 ҳабс ва моҳи март ба қатл мерасад. Марти соли 1956 сафед мегардад.
Раҳбари дигари ин ҷумҳурӣ Попок Яков Абрамович ки солҳои 1930-1937 ин вазифаро бар душ дошт аз муборизони роҳи истиқрор ва ҳифзи Ҳукумати Шӯавӣ буд, соли 1938 ба марг маҳкум мегардад.
Хулоса
Вақте сарвари як режими худкома, на ба сарварону парвардагони худ раҳм мекунад, на ба нависандаву шоир тараҳҳум дорад. Аз дасти ӯ на руҳонӣ рӯз дошту на зиёӣ. Бо ишораи бурути ӯ шаҳру воҳаҳои тоҷикро ба дигарон тақдим месозад. Як тоҷик бо номи Ҳабибуллоҳи Каллаконӣ дар Афғонистон ба ҳукумати дусадсолаи паштунҳо хотима медиҳад ва бо дастури ӯ сарбозони Шӯравӣ ҳамла мекунанду ҳукумати вайро сарнагун месозанд. Дар ҳукумати ӯ чизе бо номи озодӣ вуҷуд надорад, на озодии сухан, на озодии матбуот, на озодии дину ойин ва ҳатто ҳаққ надорӣ ҷаҳаннами сохтаи вайро тарк куниву дар гӯшаи дигари дунё зиндагӣ кунӣ, чун кишвар баста аст. (Аммо фарзанди худи ӯ Светлана дар ИМА зиндагӣ ихтиёр мекунад ва аз ному насаби падар даст кашида худро Алилуева мехонад). Агар ҳам аз Шӯравӣ фирор кардӣ ё ба ҷурме туро маҳкум карданд, тамоми авлоду қабилаат гаравгони ӯст ва муҳри “хешованди душмани халқ” бар пешониашон насб. Вақте мо як тоҷики худамонро, ки дар гузашта як ё ду иштибоҳ карда, намебахшем, амирону шоҳҳои таърихамонро саросар ситамгар мехонем (ба ҷуз Куруши Кабиру Хусрави Анушервони сосонӣ ва Исмоили сомонӣ). Оё равост як раҳбари аҷнабиро ин қадр ситоиш кардану барои дифои ӯ бархостан? Касе, ки дар замони империяи Русия 5 бор ҷиноят кардаву зиндонӣ шуда, аз ҷумла барои ҳамла ба банк ва дуздидани пулҳои банк, барои фарзандонамон куҷояшро намуна нишон диҳем?
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Сайфуллоҳ Муллоҷон)
Қаламонлайн