Мусалмонеро натарсонед!

Мусалмонеро натарсонед!

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

(Ҳеч) мусалмонеро натарсонед; зеро тарсондани мусалмон зулмест бузург.

Ба дурустӣ, бадтарин (фард аз миёни) мардум дар рӯзи қиёмат касест, ки мардум аз тарси баддаҳонии ӯ, аз вай фосила бигиранд.

Ҳар ки гуноҳе ва хоҳиши ҳароме ӯро пеш ояд ва аз тарси Худо онро тарк намояд, Ҳақ Таоло ҷаҳаннамро бар ӯ ҳаром гардонад ва ӯро аз тарси бузурги қиёмат эман гардонад.

Бадтарини уммати ман касоне ҳастанд, ки мардум эшонро гиромӣ медоранд аз тарси бадии эшон. Ба дурустӣ, ки аз ман нест ҳар ки чунин бошад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Салоҳ ва фасоди уммат
Агар таърихро мояи ибрат надонем…

Матолиби пурбоздид