Шоҳкор

Шоҳкор

Мактаби инсоният

Абусаиди Абулхайрро гуфтанд: Фалонӣ қодир аст парвоз кунад!

Гуфт: Ин муҳим нест. Магас ҳам парвоз мекунад.

Гуфтанд: Фалониро чӣ мегӯӣ, ки рӯи об роҳ меравад!

Гуфт: Аҳамияте надорад; тиккаи чӯбе ҳам ин корро мекунад.

Гуфтанд: Пас, аз назари ту шоҳкор чист?

Гуфт: Шоҳкор ин аст, ки дар байни мардум зиндагӣ кунӣ, вале ҳеч гоҳ ба касе захми забон назанӣ, дурӯғ нагӯӣ, аз касе суистифода накунӣ ва василаи фиреби дигарон нашавӣ ва касеро аз худ наранҷонӣ.

Ин шоҳкор аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми ҳикмат
Бадахлоқӣ барозандаи мусалмон нест

Матолиби пурбоздид