Барге аз Сафарномаи Адам Олеари
Бознашр аз Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфуллоҳ Муллоҷон
Ҳангоми тамошои як навор дар ютуб навори дигаре бо забони русӣ пеши назарам баромад. Чун дар бораи тоҷикон буд, онро тамошо кардам. Навор гузориши як блогери рус буд, ки се-чор сол қабл гузошта, бо як ҷавони тоҷик дар шаҳри Москва баҳс дошт. Ин тоҷики навхоставу беҳувият, ки посбонии як ресторан (ё дискоклуб)-ро бар душ дошт, худро доғистонӣ муаррифӣ мекард. Блогери зиракаи рус пас аз радду бадал бо ин “доғистонӣ” мутаваҷҷеҳ шуд, ки ӯ тоҷик аст. Ба ӯ гуфт, чаро худро доғистонӣ меномӣ, ту ки тоҷикӣ. Ин тоҷики бешараф дар ниҳояти беадабӣ ва густохӣ бо блогер гап зад ва чун мисаш баромад, зуд рӯй пинҳон карду дохили биное, ки посбонӣ мекард ворид шуд.
Оре, дар қатори ҳазорон тоҷиконе, ки дар Русия бо душворӣ вале бошарофта нони ҳалолпайдо мекунанд, мо чунин тоҷикони асолатбохтаву бешараф низ дорем. Ҳарчанд сиёсатҳои тоҷикситезии баъзе мақомоти интизомӣ ва ҳатто қонунгузории Русия дар як соли охир барои ҳеч кас пӯшида нест, вале аъмоли шармовару нагини ин гуна афрод низ дар сиёҳ кардани чеҳраи тоҷикон дар Русия нақши бориз доштааст.
Чанде пеш хотироти Адам Олеари (қарни XVII) ҷаҳонгарди олмонӣ ба Эронро хондам. Олеари пас аз бозгашт аз сафари Эрон тавассути Доғистон ба Аврупо бармегардад. Дар хотироти ӯ ба зикри Доғистону доғистониҳо дучор омадам, ки фишуради онро ин ҷо мегузорам. Шояд баъзе ҷавонони мо ки мафтуни ин қавм ҳастанд, аз собиқаву рӯзгори онҳо огоҳ шаванду худро ба ҳар қавму қабила набанданд. Қавме ки то қарни 19 на адабиёт дораду на хатт ва мо аз адабиёти он танҳо Расул Ғамзатовро мешиносему бас….
Ғайр аз ин навори шармовар боз як омили дигар ҳам маро ангеза дод, ки инро нависаму ин ҷо бикорам. Дар гузашта тоҷиконе будаанд, ки худро бар дурӯғ ба юнониҳо ва арабҳо бастаанд ва ҳатто насабномаҳои ҷаълӣ низ дуруст кардаанд. Дар ин бора ҳам чизҳое пайдо кардаам, ки сари фурсат мегузорам….
Инак, порае аз китоби Адам Олеари дар бораи мардумони Доғистон дар қарни XVII
Инҳо тотор (турк) ҳастанд, ки эрониҳо онҳоро лезгӣ меноманд, вале онҳо худро тоторҳои Доғистон меноманд, ки то андозае маънои тоторҳои кӯҳистониро медиҳад, зеро дар кӯҳҳое ки 20-30 мил аз дарёи Хазар ба тарафи ғарб қарор дорад, зиндагӣ мекунанд.
Пӯсти бадани тоторҳо сиёҳ ва мутамоил ба зард аст. Андомҳое неруманд доранду чеҳраашон зишт аст. Ваҳшиву бераҳманд. Муяшон сиёҳу дароз аст… Тоторҳо худро мусулмон медонанду хатна мекунанд, пайрави туркҳо (яъне суннимазҳаб) ҳастанд, вале таассуби вижа ба эътиқодоти динӣ надоранд.
Аз тариқи галладорӣ зиндагӣ мекунанд, ки кори занони онҳост. Мардон аз хона берун мераванд ва ин тарафу он тараф ба дуздиву ғорат мепардозанд. Барои онон аҳамияте надорад, ки ҳатто фарзандони дӯстону бародарону хоҳарони худро бирабоянду ба эрониҳо ва туркҳо бифурӯшанд. Ба ҳамин ҷиҳат ба якдигар эътимод надоранд…
Бозаргононе ки аз минтақаи Доғистон убур мекунанд, луқмаи чарму нарме барои тоторҳо ҳастанд, чунончӣ ба қадри кофӣ неруманд набошанд, амволашон ғорат мешавад. Бинобар ин корвонҳо бояд теъдоди афроди мусаллаҳ зиёд дошта бошанд ё ин ки аз тариқи дарёи Хазар ин минтақаро пушти сар гузоранд. На эрониҳо на русҳо қодир ба контроли ин мардум нестанд. Онҳо ғолибан пас аз ғорати мардуми раҳгузар ба кӯҳҳо баромада, дар ғорҳои худ пинҳон мешаванд.
Қаламонлайн