Қуръон ва Наполеон

Таърих
Қуръон ва Наполеон
Достонҳои сураи Ҳамд
Як китоб ҳаст ба номи “Достонҳои сураи Ҳамд” таълифи Алӣ Мирхалафзода, китоби бисёр ҷолиб аст, муаллиф дар ин китоб достонҳо ва ҳикоятҳои марбут ба сураи Ҳамд ва гоҳе достонҳое дар бораи Қуръонро гирд оварда, аз ҳар манбаъ ва маъхазе. Як достон оварда ба нақл аз як нависандаи мисрӣ, ки достони бисёр ҷолиб аст.
Мегӯяд, Наполеон замоне ки пояш ба Миср расид, гаҳ-гоҳе ба ҳамроҳи мутарҷимаш ба китобхонаи бузурги Қоҳира меомад ва аз мутарҷим мехост Қуръонро барояш тарҷума кунад, ҳар рӯз чанд сафҳаро.
Наполеон пас аз мутолеаи кулли Қуръон, ду ҷумла гуфт. Яке он ки гуфт: “Ман аз ин китоб истифода кардам ва ин тавр эҳсос намудам, ки агар мусалмонон аз дастуроти ин китоб истифода кунанд, ҳаргиз зиллат нахоҳанд дид”.
Ва ҷумлаи дигари ӯ ин буд, ки гуфт: “То замоне ки Қуръон дар байни мусалмонон ҳукумат кунад ва дар партави таъолими он зиндагӣ кунанд, ҳаргиз таслими мо нахоҳанд шуд, магар ин ки мо, байни онҳо ва Қуръон ҷудоӣ биафканем”.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғизои халифа
Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир

Матолиби пурбоздид