Эрон заиф шудааст?
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба Тромп: “Он мутаваҳҳими хаёлбоф эълом кард, ки Эрон заиф шуда! Оянда нишон хоҳад дод, чӣ касе заиф шуда”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе), дар дидор бо ҷамъе аз тавлидкунандагон ва фаъолони бахши хусусӣ дар Эрон, бо ишора ба суханони ахири Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико, ки гуфт Эрон заиф шудааст, хотирнишон кард: “Он мутаваҳҳими хаёлбоф эълом кард, ки Эрон заиф шуда! Оянда нишон хоҳад дод, чӣ касе заиф шуда. Саддом ҳам ба хаёли ин ки Эрон заиф шуда, ҳамларо шурӯъ кард. Рейгон низ ба тасаввури зафи Эрон, он кӯмакҳои ончунониро ба режими Саддом анҷом дод. Онҳо ва даҳҳо мутаваҳҳими дигар ба дарак восил шуданд ва низоми исломӣ рӯз ба рӯз рушд пайдо кард. Ман ба шумо арз мекунам, ин таҷриба ин бор ҳам ба фазли илоҳӣ такрор хоҳад шуд.”
Қаламонлайн