Бузургтарин ақли таърихи башар
Машоҳир ва номоварон
Бузуртарин зеҳне, ки то ҳол башарият дар илм парварондааст, зеҳни Алберт Эйншейн нест, ҳамон тавре ки ғарбиҳо иддао мекунанд. Чун Эйнштейн дар чанд риштаи маҳдуд маълумот дошт.
Бузургтарин зеҳн мутааллиқ ба шахсест, ки ҳамзамон дар пизишкӣ, фалсафа, шимӣ (химия), физика, риёзиёт, заминшиносӣ, нуҷум, таърих, дорусозӣ, ҷуғрофиё ва тарҷума олим буд ва беш аз 120 китоб дар тамоми ин улум таълиф кардааст.
Ӯ аввалин касе буд, ки 1000 сол пеш гуфт, замин бар меҳвари худ мечархад; ҳамчунин бидуни истифода аз ҳеч абзори модерн, андозагирии дақиқе аз муҳити замин ба мизони 99,7% мутобиқ бо андозагирҳои имрӯзӣ дошт.
Ӯ бунёнгузори илми геодезӣ (илми тақсими замин ва шинохти шаклу масоҳати он) буд.
Дар китоби “Муқаддимаи илм”- и Ҷурҷ Сортун дар бораи ӯ гуфта шудааст: “Ӯ як ҷаҳонгард ва филсуф, риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофидон ва донишманди доиратулмаорифӣ (энсиклопедист) буд. Ӯ яке аз бузургтарин шахсиятҳои ислом ва аз бузуртарин донишмандони ҷаҳон аст”.
Шарқшиноси олмонӣ Захау ӯро ин гуна тавсиф кардааст: “Ӯ бузургтарин ақлонияте буд, ки таърихи башар шинохтааст”.
Ӯ донишманди мусалмон Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ аст.
Қаламонлайн