Дарси чӯпон
Мактаби инсоният
Чӯпоне дар биёбон машғули чаронидани гӯсфандон буд. Донишманде дар сафар ба ӯ расид ва андаке бо ӯ гуфтугӯ кард, фаҳмид, ки ӯ сесавод аст, ба ӯ гуфт:
Чаро дар паи таҳсили савод намеравӣ?
Чӯпон гуфт:
Ман ончиро ки хулоса ва чакидаи ҳамаи улум аст, омӯхтаам ва дигар ниёзе ба омӯзиши муҷаддад надорам.
Донишманд гуфт:
Ончи омӯхтаӣ, барои ман баён кун.
Чӯпон гуфт:
Хулоса ва чакидаи ҳама илмҳо панҷ чиз аст:
1 – То ростӣ тамом нагардад, дурӯғ нагӯям.
2 – То таоми ҳалол тамом нашудааст, ҳаром нахӯрам.
3 – То дар худам айб ҳаст, айбҷӯии дигарон накунам.
4 – То рӯзии Худо тамом нашудааст, ба дари хонаи каси дигаре барои рӯзӣ наравам.
5 – То пой дар биҳишт наниҳам, аз макру фиреби шайтон ғофил нагардам.
Донишманд ӯро тасдиқ карду гуфт: Ҳамаи улум дар вуҷуди ту ҷамъ шудааст ва ҳар кас ин панҷ хислатро бидонад ва амал кунад, ба ҳадафи улуми исломӣ расидааст ва аз кутуби илму ҳикмат бениёз гардад.
Қаламонлайн