Мебахшед, мутаассифам

Адаб

Мебахшед, мутаассифам

Узр хостанро ба кӯдакамон биомӯзем

Калимоти сеҳрагнезе мисли “лутфан” ва “ташаккур” калимаҳои муҳимме ҳастанд, ки бояд ба кӯдакамон омӯзиш диҳем, инчунин кӯдаки мо бояд калимаи дигареро низ ёд бигирад, ки он “мебахшед” ва “мутаассифам” мебошад.

Кӯдак ё калонсол, фарқе намекунад, агар хатое, иштибоҳе ва кӯтоҳие аз ӯ сар зад, аввалан масъулияти онро бипазирад ва сипас бобати ин кораш узрхоҳии лозимро ҳам анҷом бидиҳад.

Омӯзиши мафҳуми махзаратзоҳӣ кардан аз ёд додани ду калимаи дигар (лутфан ва ташаккур, раҳмат) сахттар аст, зеро аслан осон нест, ки ба фарзандон омӯзиш диҳед, бар нафс ва ғурури худ ғалаба кунанд, калимаи мутаассифам ва мебахшедро бар забон ҷорӣ кунад. Ҳамчунин фарзанди шумо мумкин аст эҳсос кунад, ки амале, ки анҷом додааст, иштибоҳ набуда ё ниёзе ба маъзаратхоҳӣ кардан надорад. Гоҳе мафҳум ва маънои воқеии ин кор барои кӯдакон сахт аст, махсусан замоне ки моил ба маъзаратхоҳӣ нестанд.

Маъзаратхоҳӣ кардан фақат як рафтори иҷтимоӣ нест, чаро ки ба кӯдаки шумо кӯмак мекунад то иштибоҳоти худро бишносад, масъулияти оноҳоро бар ӯҳда бигирад ва ба равобити худ бо дигарон беҳбуд бахшад.

Ба кӯдак аҷзои мухталифи маъзаратхоҳии дурустро нишон диҳем. Чаро ки як маъзаратхоҳии хуб фақат гуфтани чанд калима ва ҷумла нест.

Ба кӯдак омӯзиш диҳем, ки дар замони маъзаратхоҳӣ аз тони садои муносиб истифода кунад. Шумо метавонед бо тонҳои мухталифи садо калимаи бубахшедро бигӯед то кӯдак мутаваҷҷеҳ шавад кадом тони садо муносиб аст ва кадом нест.

Ҳаргиз фаромӯш накунем, ки мо бояд як улгуи хуб барои фарзанд бошем. Замоне ки худамон иштибоҳ мекунем, набояд аз маъзаратхоҳӣ кардан аз кӯдак худдорӣ кунем. Фарзандамон маънои воқеии калимаи мутаассифам ва мебахшедро дарк намекунад, агар то ба ҳол ин калимаро дар хона нашунида бошад. Пас хуб аст, дар мавқеи лузум, дар мавриди кори иштибоҳе, ки анҷом додаем, узрхоҳӣ кунем.

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бардошти кӯтоҳ
Нӯҳ нуктаи корбурдӣ

Матолиби пурбоздид