Ҳимояти ҳамаҷонибаи ҳамсар
Мактаби инсоният
Ҳимоят ва пуштибонӣ аз ҳамсар
Зану шавҳар таъсири мустақиме бар афкор ва корҳои якдигар доранд. Агар ҳамсаратон ҳадафе дорад, аз ӯ ҳимоят кунед ва кумакаш кунед, ки ба ҳадафҳояш бирасад, ҳарчанд ки он ҳадафҳо аз назари шумо беарзиш бошад.
Ин нуктаро фаромуш накунед, ки рушду пешрафти ҳамсари шумо, боиси пешрафт ва ифтихори шумо низ мешавад ва зиндагии муштаракро ба масири беҳтаре ҳидоят мекунад.
Ҳамсаратонро ҳамон тавре ки ҳаст, бипазиред
Ҳеч инсоне комил нест ва набояд интизор дошта бошед, ки ҳамсаратон он гуна ки шумо мехоҳед, бошад.
Интизор надошта бошед, ки ҳамсаратон ҳамеша бидуни айб бошад ва кори дурустро анҷом диҳад. Ӯро ҳамон гуна ки ҳаст, бипазиред ва дӯст дошта бошед. Интизори тағири ҳамсар танҳо худатонро озурдатар мекунад ва энержии шуморо ҳадар медиҳад.
Ин андеша кумак мекунад то беҳтар бо рафторҳои ҳамсаратон канор биёед ва бо ӯ созгортар шавед.
Таваҷҷӯҳи худро ба хусусиёт ва сифоти хуби ӯ ҷалб кунед. Баъд аз муддате мефаҳмед, ки ҳамсаратон дар бархурд бо шумо бештар сифот ва хусусиёти хубашро намоён мекунад.
Қаламонлайн