Зулми бузург
Мактаби инсоният
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
Ҳеч мусалмонеро натарсонед; зеро тарсондани мусалмон зулмест бузург.
Бадтарини мардум дар рӯзи қиёмат касест, ки мардум аз тарси баддаҳонии ӯ, аз вай фосила бигиранд.
Ҳар ки гуноҳе ва хоҳиши ҳароме ӯро пеш ояд ва аз тарси Худо онро тарк намояд, Ҳақ Таоло ҷаҳаннамро бар ӯ ҳаром гардонад ва ӯро аз тарси бузурги қиёмат эмин гардонад.
Бадтарини уммати ман касоне ҳастанд, ки мардум эшонро гиромӣ медоранд аз тарси бадии эшон. Ба дурустӣ, ки аз ман нест ҳар ки чунин бошад.
Қаламонлайн