Таҳлилгари рус: Пас аз Сурия навбат ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мерасад
Ёддошти Александр Проханов
Александ Проханов – таҳлилгар, нависанда ва рӯзноманигори рус дар як ёддошт аз эҳтимоли густариши васеи таҳаррукоти террористии ифротгароён дар манотиқи таҳти нуфузи Русия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, пас аз ба қудрат расидани террористон дар Сурия навишт. (Пас аз ба қудрат расидани террористони ба истилоҳ “ҷиҳодгар” дар кишварҳои пасошӯравӣ умедвор шуда ва аз руҳияи болое бархурдор хоҳанд шуд). Ба эътиқоди Александ Проханов, эҳтимолан шоҳиди афзоиши таҳаррукоти террористӣ дар саросари минтақа, бахусус кишварҳои таҳти нуфузи Русия, яъне кишварҳои Осиёи Макразӣ ва бавижа Тоҷикистон хоҳем буд.
Ин таҳлилгари рус менависад: Ифротгароён дубора зинда шуда ва Димишқро тасарруф кардаанд, аммо бар тамоми Сурия султа надоранд. Ҳоло як ҷанги дохилӣ дар ҳоли вуқуъ аст; ҷанги ҳама алайҳи ҳама бо тазоди манофеи бисёр, ки дар ғиёби қудратҳои мутамаркизи Сурия дар ҳоли вуқуъ аст. Сурия яке дигар аз кишварҳои Ховари Миёна аст, ки ҷанги дохилии он бисёр хунин хоҳад шуд. Зарбаи баъдӣ ногузир ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд. Ифротгароён аз Афғонистон ба он сӯи марзҳо хоҳад рафт; ба самти пойгоҳи низомии Русия, ба самти Душанбе.
Кишварҳои ҷавони Осиёи Марказӣ дар ҳоли табдил шудан ба майдони ҷанг ҳастанд ва нируҳои Русия ба унвони бахше аз Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ бояд дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон биҷанганд. Мавҷе аз ифротгароён аз марзи Русия хоҳанд гузашт ва Қафқоз ба оташ кашида хоҳад шуд. Инфиҷорҳои террористӣ дар шаҳрҳои Русия ҷавлон хоҳад дод. Коргарони муҳоҷир (бавижа муҳоҷирони Осиёи Марказӣ) дар Русия, ки дар кафи ҷомеа дар токсиҳо ва бозорҳо ҳузур доранд тадбил ба заминае барои террор ва куштор хоҳанд шуд.
(Манбаъ: Mavaraonnahr)
Қаламонлайн