Шеъри ман

Адаб

Шеъри ман

Тӯтинисо 

Шеъри ман афсонаи чашмони туст

Ғунчаи лаб соғари паймони туст

Аз ҳисоби умри ман гар беш рафт

Умри ширинам ҳама армони туст

Нимашаб сӯзам, бияфрӯзам чу шамъ

Сӯхтан аз талъати рахшони туст

Оташи ғам мегудозад пайкарам

Ин ҳама аз дуриву ҳиҷрони туст

Эй калиди бахт, эй шодии дил

Навбаҳори ман рухи хандони туст

Эй шукуфону гулафшони мано

Ту бидон, Тутинисо сарсони туст!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико мушаки кофӣ барои ҷанги Украина надорад
Хушбахт кист, хушбахтӣ чист?

Матолиби пурбоздид