ФОРСӢ Ё ТОҶИКӢ?
Гуфтугӯи ихтисосии Қаламонлайн бо доктор Насибулло Умаров
Ишора: ҳамсӯҳбати мо ҷаноби доктор Насибулло Умаров, устоди адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Байналмилалии Ҷомеатул-Мустафо, шӯъбаи Гулистон (воҳиди Гургони Эрон) ҳастанд.
Ба хотири мавзӯи рӯз қарор гирифтани баҳси забони форсии тоҷикӣ, бо Устоди азиз дар ин мавзӯъ сӯҳбат оростем ва назароти эшонро дар ин бора, дар идома барои мухотабони азиз нақл хоҳем кард.
Қаламонлайн: Устоди азиз, имрӯза дар фазои маҷозӣ, бархе бо такя ба манобеи нимаи аввали қарни гузашта, номи забонамонро форсии-тоҷикӣ ва бархеи дигар, форсӣ ва ниҳоят бархе ҳам бо қотеият аз он ба “тоҷикӣ” ном мебаранд. Аз он ҷо ки тахассуси Шумо забон ва адабиёти форсӣ аст, лутфан ба ин мавзӯъ рӯшанӣ андозед, ки билахира забони мо кадом аст, форсӣ ё тоҷикӣ?
Албатта таъкид мекунем, ки мо дар ин ҷо ба абъод ва омилҳои сиёсии масъала коре надорем ва сӯҳбати мо сирфан мабоҳиси фарҳангист.
Др. Насибулло Умаров: Тибқи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони расмии кишвари мо тоҷикист. Тоҷикӣ будани забони мо мунофот бо забони форсӣ надорад, зеро ҳар навъ дуият далели муғойират ва бегонагӣ нест. Забон падидаи шигифтангез ва аз ҷумлаи нишонаҳо ва муъҷизоти илоҳист:
وَمِنۡ ءَایَـٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَـٰفُ أَلۡسِنَتِكُمۡ وَأَلۡوَٰنِكُمۡۚ إِنَّ فِی ذَٰلِكَ لَـَٔایَـٰتٍ لِّلۡعَـٰلِمِینَ (روم/۲۲)
“Ва аз нишонаҳои Ӯ, офариниши осмонҳо ва замин ва гуногунии забонҳои шумо ва рангҳои шумост. Ҳамоно дар ин нишонаҳоест барои доноён”.
Забони форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон ҳама аз як решаи забонӣ ва гӯишӣ ҳастанд ва танҳо тафовуташон дар лаҳҷа ва бархе вожаҳост, ки ин навъ тафовут як чизи табиӣ ва оддӣ ба ҳисоб меравад
Қаламонлайн: Устоди арҷманд, боз ҳам ба гуфтаи бархе коршиносон, мутаассифона ба назар мерасад фонди луғавии забони муосири тоҷикӣ (дар Тоҷикистон) нисбатан заифтар ва фақиртар аст ва ба ҳамин далел, бисёре аз олимону фарҳехтагон ва донишмандони мо матолиби арзишманди илмии худро ҳануз ҳам ба забони русӣ менависанд. Ба назари Шумо роҳи ҳал чист?
Насибулло Умаров: Дар хусуси фонди луғавии забони тоҷикӣ, бояд ёдовар шуд, ки пас аз истиқлоли кишвари азизамон ин мушкил бисёр барҷаста ва нигаронкунанда буд. Аммо бо гузашти се даҳа ба назар мерасад ин мушкил рӯз ба рӯз камтар мешавад. Ҳалли масоил ва мушкилоти фарҳангӣ бисёр замонбар аст ва умед аст, ки ин мушкилот ба шакли дурусту табиӣ ҳалли худро пайдо кунанд.
Қаламонлайн: Устод зимни ташаккур ва қадрдонӣ ба унвони сухани поёнӣ, дар робита ба мавзӯъ, чӣ гуфтание доред?
Насибулло Умаров: Ҳассосият нишон додан ба забони модарӣ ва ҳифзи он, аз омилҳои офатзо, бисёр амри муборак ва писандида аст. Агар ба забони тоҷикӣ дилсӯз бошем, ҳаргиз онро бо забони форсӣ ё дарӣ дар тақобул ва тазод набинем, балки ин се гӯиши ориёиро дар канори ҳам қарор диҳем ва аз ҳамдигар истифода кунем. Дар чунин шароит яқин аст, ки аз забонҳои ғайрифорсӣ-тоҷикӣ камтар вом хоҳем гирифт…
Қаламонлайн: Устоди азиз, аз Шумо мамнун ҳастем, посухҳои олимона ва қонеъкунанда буд, барои Шумо саломатӣ таманно дорем.
qalamonline.net