Чаро ин донишмандон аз мафохири исломӣ ҳастанд?
Агар Ҷобир ибни Ҳайён ё Кендӣ ва ё Форобӣ ё Бӯалӣ ва ё Берунӣ ё Хоразмӣ ва ғайра аз донишмандонро, ки мошоаллоҳ фаровонанд, аз мафохири дунёи ислом медонем, далел дорад ва далелаш бисёр равшан аст, ки дар ин ёддошт арз хоҳам кард.
Аммо иҷоза бифармоед, дар оғоз яке ду ҷумла дар бораи падидаи куфру иртидод бигӯям. Зеро гумон мекунанд, ки чун баъзе аз ин донишмандон аз сӯйи “муллоҳо” ба куфру иртидод муттаҳам шудаанд, пас инҳо масалан “кофир” ё “муртад” буданд ва куфру иртидод махсуси ойини ислом аст ва аз ин ҳарфҳо.
Бибинед, падидаи такфир ва иттиҳом ба куфр ё иртидод, дар миёни афроди башар аз замоне, ки инсон рӯйи замин будааст вуҷуд дошта ва то ба рӯзи қиёмат идома хоҳад дошт. Ва хулоса, ин падида чизе махсуси ойини ислом ва мусалмонон нест, балки то модоме, ки инсон – ки ҳайвон нест – дар рӯйи кураи хокӣ ҳаст, ин падида ҳам ҳаст. Ва ин ҳам, ки дар ислом ва миёни мусалмонон барҷаста аст ва ба гунае матраҳ мешавад, ки гӯӣ фақат дар ислом вуҷуд дорад, ба ин хотир аст, ки дар ойини ислом, барои он, мафоҳим ва истилоҳот ва алфози вежае ба кор мебаранд ва куллан дар адён, хусусан адёни осмонӣ, чунин аст.
Мо агар масалан, бо арзи пӯзиш, занбӯрони асал ва ё мӯрчагон ва ё масалан гову хару гӯспанд ва куллан чорпо ва аз ҳайвонот мебудем, бале, дар ин сурат дар миёни мо на “мусалмоне” буд ва на “кофире”, балки ҳама якранг будем, дуруст мисли занбӯрони асал, ки дар миёнашон кофиру мусалмон нест. Аммо мо Худоро шукр инсонем ва инсон, ки оқил аст ва ба истилоҳи мантиқ, “ҳайвони нотиқ” аст, метавонад биандешад, чизеро дуруст бидонад ва чизеро нодуруст, чизеро сиёҳ шуморад ва чизеро сафед, чизеро роҳ ташхис бидиҳад ва чизеро чоҳ.
Ин ҷоҳост, ки “худӣ” ва “ғайрихудӣ” ба вуҷуд меояд. Яъне гурӯҳе аз инсонҳо, ки роҳеро – ғалат ё саҳеҳ – дуруст ташхис медиҳанд, бо ҳам ҳамфикру ҳамақида мешаванд ва ҳамандешони худро “худӣ” ва мухолифони эътиқодии хешро “ғайрихудӣ” медонанд. Ин падида дар ҳама ҷо ва ҳамаи мактабҳо ва ҳамаи ҷараёнҳо, диндору бедин, вуҷуд дорад, махсуси ислом нест. Мунтаҳо мусалмонон – ва куллан пайравони адёни осмонӣ – рӯйи “худӣ” истилоҳи мусалмонро ниҳодаанд ва рӯйи “ғайрихудӣ” вожаи кофирро. Вагарна, сарфи назар аз ин истилоҳот, ҳақиқат ва моҳияти ин падида дар ҳама ҷо, чунонки арз шуд вуҷуд, дорад. Фарқи инсон бо чорпо дар ҳамин аст.
Он гоҳ, вақте ҳамандешон ва ҳамфикрон ва ҳамақидаҳо иҷтимоъе ташкил медиҳанд, барои ҳифзи киёни худ ва то ин ки аз сӯйи “ғайрихудиҳо” мавриди таҳдид қарор нагиранд, як силсила чорчӯба ва қонунҳое вазъ мекунанд, ки боз таъкид мекунам, ин як чизи бисёр-бисёр табиист ва махсуси инсон аст, мунтаҳо мо гӯли исму расму алфозро хӯрдаем, вагарна дар ҳама ҷо ва дар назди пайравони ҳар ҷараён ва мактабе ҳаст.
Ба унвони мисол, дар Фаронса – ва ба назарам, дар чанд кишвари урупоии дигар низ – чанд сол пеш қонуне қабул карданд мабнӣ бар ин ки рӯсарӣ ва сатр дар маконҳои ба истилоҳ, ҷамъиятӣ мисли донишгоҳу ғайра, мамнӯъ аст ва дар тавҷеҳи вазъи ин қонун гуфтанд, ин қонун барои он аст, ки то арзишҳои либералӣ ва ба истилоҳ, дунявӣ, ҳифз шавад.
Хуб, арзишҳои либералӣ ва дунявӣ яъне чӣ? Оё ҷуз ин ки мо, либералҳо, як силсила арзишҳо дорем, ки намехоҳем онҳо поймол шаванд ва бояд шаҳрвандон – ҳамаи шаҳровандон ҳатто касоне, ки ин арзишҳоро қабул надоранд – воҷиб аст онҳоро риоят кунанд. Хуб, оё ин, ғайр аз он аст, ки мо, “мусалмонем” ва ин арзишҳо масалан арзишҳои “исломӣ” ҳастанд ва ҳамагон, ҳатто ба истилоҳ “кофирон”, воҷиб аст инҳоро муроъот кунанд? Рӯйяш фақат истилоҳ ва вожа нагузошта, вагарна, дар ҳақиқат ва моҳият ҳеч фарқе бо он чи дар назди мост надорад. Ва боз такрор мекунам, ки инҳо табиист ва модоме, ки мо инсонем, бояд якчунин чизҳое дар мо, афроди башар ҳоким бошад.
* * *
Ва аммо ин ки мо, мусалмонон он бузургонро (Ҷобир ибни Ҳайён, Кендӣ, Форобӣ, Бӯалӣ, Берунӣ, Хоразмӣ ва ғайра аз донишмандон, ки мошоаллоҳ зиёданд) аз мафохири олами ислом медонем, далелаш ду чиз аст:
1) Яке ин ки ин ситораҳои дурахшон танҳо дар осмони ҷаҳони ислом он замон, ки давлатҳои мо худро исломӣ медонист ва тибқи аҳкоми динӣ идора мешуданд, тобидаанд, на дар он даврон, ки кишварҳои мо ба ислом пушт карданд ва исломро “кӯҳна” пиндоштанд. Банда қаблан яке ду сол пеш дар ёддоште навишта будам, ки дар зуҳури нобиға дар як ҷомеа, муҳит нақши аввалро мебозад ва хеле таъсиргузор аст. Аксари ин номбурдаҳо дар даврони Сомониён, ки асри тиллоияш мешуморанд, зуҳур карданд. Форобӣ, Бӯалӣ, Хоразмӣ ва ғайра, зоидаи даврони Сомониён ҳастанд. Хуб, давлати Сомонӣ оё як давлати ба истилоҳ, дунёвӣ ва секулор буд?
Оё шумо метавонед як нимаберунӣ ва як донишманде, ки ақаллан чоряки Бӯалӣ бошад, дар замони Шӯравӣ аз тоҷикон пайдо кунед? Агар пайдо кардед, таслимам ва ҳарфамро пасмегирам.
Аммо ин ки ин бузургон аҳёнан ба куфру иртидоду ин чизҳо муттаҳам шудаанд, хуб, бале, ҷомеа он вақт як ҷомеаи озод буд, ҳар касе озодона назари худро иброз медошт, як идда ҳам – на ҳама албатта – ин бузургонро ба куфру иртидод муттаҳам карданд, гумон карданд фалон афкорашон ва ё фалон изҳори назарашон куфр аст. Хуб, ин табиист. Магар ҳамин имрӯз ҳам ғайрихудиро ба куфру иртидод муттаҳам намекунанд?
Бинобар ин, кори як мушт одамро ба ислом нисбат додан, кори оқилонае нест.
2) Далели дуввуми ин ки ин ситораҳоро аз мафохири олами ислом медонем, осори онҳост, ки биҳамдиллоҳ дар дастрас аст. Ҳамаи ин бузургон асар доранд ва ҳамин алъон дар донишгоҳҳо тадрис мешавад, дар Эрон манзурам, намедонам алъон дар ҷоҳои дигар тадрис мешавад ё на. Бале, осорашон тақрибан ҳама ба истиснои чанд асар, ба забони арабист, ки албатта тарҷима ҳам шуда. Бинобар ин мо аз навиштаи худи ин бузургон мегӯем, ки аз мафохири олами исломанд.
Банда, ки тавфиқ доштам осори Бӯалиро тадрис бикунам, назарам ин аст, ки хадамоте, ки ин абармард дар заминаи улуми исломӣ кардааст, ҳеч донишманди дигаре накарда. Дар ҷойи худаш иншоаллоҳ бештар дар ин бораи баҳс хоҳам кард.
Оё ҳамин касоне, ки имрӯза ин бузургонро берун аз ислом мепиндоранд, оё асаре аз осори яке аз ин бузургонро хондаед? Фақат ҳамин “муллоҳо” ҳастанд, ки имрӯз метавонанд асари онҳоро мутолеа кунанд; муллоҳое, ки мудом тавҳинашон мекунед. Вагарна аз навиштаҳои шумо пайдост, ки ҳеч чиз аз инҳоро нахондаед.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Qalamonline.net