М у к о т и б а
Додоҷон Атовуллоев
Мукотиба ё чанд сатре ки сахт маро таккон дод…
Нома:
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ БАРОДАРИ АРҶМАНД ДОДОҶОН! ҚАБЛАН БОЯД БА ХИДМАТИ ШУМО ЪАРЗ КУНАМ,КИ МАН ЯК ШАҲРВАНДИ ОДДИТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ҲАСТАМ. ВА ХУДОВАНД ШОҲИД АСТ, КИ БА ҲЕҶ СОЗМОНЕ ТОБЕЪ НЕСТАМ. ЯЪНЕ ҲАР ЧӢ ИН ҶО МЕНАВИСАМ ФИКРУ АНДЕШАИ МАН АСТ. ШОЯД ДАР ИЗҲОРИ АҚИДААМ ИШТИБОҲ КУНАМ…
ЧАНД МАРОТИБА НАВИШТАҲОИ ШУМО ВА ДӮСТОНАТОНРО МЕХОНАМ ВА АФСӮС МЕХӮРАМ. ЧАРО ВАҚТИ ПУРҚИММАТ, АСАБҲО ВА САЛОМАТИИ ХУДРО ЗОЕЪ МЕКУНЕД??? ШУМО БА ҲАЙСИ ЯК АДИБ ВА РӮЗНОМАНИГОРИ БОЛАЁҚАТУ СОҲИБИСТЕЪДОД МЕТАВОНИСТЕД ДАР ҲАР ШАҲРЕ Ё ДАВЛАТЕ КОРУ ЭҶОД КУНЕД. Ё МЕТАВОНИСТЕД ДАР ЯГОН МАКТАБИ ОЛӢ ОМӮЗГОР БОШЕД. ОХИР ИН ЧИ МУБОРИЗАЕСТ, КИ БА ОН МАШҒУЛ ҲАСТЕД? УМРИ АЗИЗРО ЗОЕЪ КАРДЕД… ДАРЕҒ АФСӮС, КИ ИН ҚАДАР САЪЮ ТАЛОШ ҲОСИЛЕ БА БОР НАОВАРД. БОВАР КУНЕД ДИЛАМ БА ШУМО МЕСӮЗАД. ИН ЧАҲОРЯК АСР ҒАРИБӢ ЧӢ МАШАҚҚАТЕ ДОШТ БАРОЯТОН, ХУБ ДАРК МЕКУНАМ. ЗЕРО АКСАРИ УМРИ МАН НИЗ ДАР МУСОФИРАТ ГУЗАШТААСТ. АГАРЧИ ТАБАССУМ ДОРЕД ҚАЛБИ ШУМО ДАР НОЛАЮ ФИҒОН АСТ. БА ШУМО САЛОМАТИИ МУДОМ ВА УМРИ ДАРОЗУ БОБАРАКАТ ТАМАННО ДОРАМ. ШОД БОШЕД…
Болтубой Ҷурамуродзода.
(Аз шарх дар зери як навишта)
Ва дар поварақии нома:
Дуруд бар шумо бародари гиромӣ – Ҷӯрамуродзода!
Намедонам, номаи мухтасари шуморо, ки баробари чанд чакома бароям арзиш дошт, чанд бор хондам. Шумо гӯё зиндагиномаи маро навиштед.
Дар рӯ ба рӯ бо шумо наметавон самимӣ набуд, наметавон паси калимаҳои зебо ниҳон шуд…
Оре, “хандаҳоям гиря дорад, гиряҳоям хандае”.
Оре, наметавонам гӯям, ки кай охирин бор шабе ором хуфта бошам.
Оре, ёд надорам, ки дар кадомин рӯз ё кадомин соат аз худу аз зиндагиву аз мубориза ва талоши худ ором орамида бошам!
Баъзан ба андеша меравам, ки дили ман шояд сӯрох-сӯрох ва хунчакон бошад?!
Агар ман диламро ба ягон чиз муқоиса кунам, пайваста мазор ба ёдам меояд. Мазоре аз қабрҳои кучаку бузурги хиҷрон, ҷудоӣ, фироқ, дард ва орзуҳои шаҳид… Мазоре аз хиёнатҳои дӯстон, савгандҳои вафое, ки ба санге пасон осон шикастаанд, фаромӯшӣ дар рӯзҳои мушкил, ва рашку ҳасад дар лаҳзаҳои хушбахтӣ…
Бахши дигари номаи сарвои шумо оиди набард ва муборизаи ман…
Ҳоло худро мисли як талабае дар назди муаллим эҳсос мекунам, ки аълохону пешсаф шуморида мешуд, аммо ҳолиё дар назди тахта рост истодааст ва сурху сафед мешавад, ранг мебараду ранг меорад, ки ба савол наметавонад посух гӯяд. Ва бо умед ба синф ва ба ҳамсабакон менигарад, ки онҳо шояд кӯмак мекунанд…
Д.А.
Қаламонлайн