Дилеро нашиканем
Мактаби инсоният
Мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ шояд сахту душвор бошанд, аммо роҳи ҳал доранд. Инсон метавонад бо талошу кор ва пасандоз мушкилоташро ҳал кунад ва аз даст рафтаҳоро дубора бисозад. Аммо мушкилоти отифӣ (ки марбут ба эҳсосоти инсонӣ аст), онҳо мисли захмҳои номаръӣ ҳастанд, ки (дида намешаванд ва) гоҳе як умр бо мо мемонанд. Ҳеч ададе ва ҳеч маблағе дар ҳисоби бонкӣ наметавонад ҷои холии як дили шикастаро пур кунад. Ҳеч муомилае наметавонад оромиши як зеҳни захмиро бихарад.
Муроқиби дилҳоямон бошем, муроқиби эҳсосотамон бошем; чун вақте руҳ хаста бошад, ҳеч сарвате онро дармон намекунад…
Қаламонлайн