Имомуғлу: Сукути Ғарб дар баробари боздоштам каркунанда аст!

Имомуғлу: Сукути Ғарб дар баробари боздоштам каркунанда аст!

Байналмилал

Шаҳрдори Истамбул, ки ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шудааст, дастгирии худро сиёсӣ донист ва гуфт: “Сукути кишварҳои ғарбӣ нисбат ба боздошти ман каркунанда аст!”

Ба гузориши Bloomberg, Акрам Имомуғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истамбул, бо интишори ёддоште дар рӯзномаи New York Times, аз сукути кишварҳои ғарбӣ дар қиболи боздошти худ ибрози ноумедӣ карда ва онро “сукуте каркунанда” донист.

Ӯ дар ин мақола навишт: “Давлатҳо дар саросари ҷаҳон чӣ карданд? Сукути онҳо каркунанда аст. Вошингтун фақат нигаронии худро аз боздоштҳо ва эътирозоти ахир дар Туркия иброз кард. Ба ҷуз чанд мавриди истисно, раҳбарони урупоӣ ҳам вокуниши қаввие нишон надодаанд.”

Имомуғлу таъкид кард, ки пас аз боздошташ, раҳбарони сусиёл-демукрот ва шаҳрдорони шаҳрҳое аз Туркия ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин ниҳодҳои маданӣ, ҳимояти худро аз ӯ эълом кардаанд.

Гуфтанист, Имомуғлу, ки яке аз рақибони аслии Раҷаб Тайб Урдуғон, раисиҷумҳури Туркия барои интихоботи риёсати ҷумҳурии 2028 ба шумор меравад, дар таърихи 19 март ба гумони иртибот бо як шабакаи муттаҳам ба фасоди молӣ, ришвагирӣ ва ҳимоят аз теруризм дастгир шуд ва додгоҳе дар 23 март ҳукми боздошт ӯро содир кард.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дархости Тромп аз Сисӣ
Мо миллати бечораи рӯзгорем

Матолиби пурбоздид