Ёддошти Сайидаббоси Ироқчӣ дар рӯзномаи Washington Post
Ёддошти Сайидаббоси Ироқчӣ дар рӯзномаи Washington Post: “Акнун тӯп дар замини Омрикост”
Ахбори байналмилал
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар ёддоште дар рӯзномаи Washington Post бо унвони “Акнун тӯп дар замини Омрикост” навишт: “Ин сухани манро ба ёд дошта бошед: Эрон диплумосиро тарҷеҳ медиҳад, аммо ба хубӣ медонад чӣ гуна аз худ дифоъ кунад. Мо на дар гузашта дар баробари таҳдидҳо таслим шудаем ва на акнун ва на дар оянда таслим хоҳем шуд. Мо хоҳони сулҳ ҳастем, аммо ҳаргиз таслимро намепазирем…”
Матни ёддошт:
Дар ҳафтаҳои ахир, маҷмӯаъе аз номаҳо ва паёмҳо миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико радду бадал шудааст. Бар хилофи бархе тафсирҳои сатҳӣ, ин иртиботот дастикам аз сӯйи мо на намодин будаанд ва на ташрифотӣ. Мо онҳоро талоше воқеӣ барои шаффофсозии мавозеъ ва гушудани панҷарае ба сӯйи диплумосӣ талаққӣ мекунем.
Бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти рӯзи душанбеи раиси ҷумҳур Дунолд Тромп, Эрон омодааст бо ҷиддият вориди таомул шавад ва бо ҳадафи дастёбӣ ба як тавофуқ вориди гуфтугӯ шавад. Мо рӯзи шанбе дар Уммон барои музокироти ғайримустақим дидор хоҳем кард. Ин дидор ба ҳамон андоза, ки як фурсат аст, як озмун низ ҳаст. Муделе, ки мо барои ин таъомул пешниҳод медиҳем, навоварона ё бесобиқа нест. Иёлоти Муттаҳида худ дар ҳоли миёнҷигарии музокироти ғайримустақим миёни Русия ва Укройн аст; муноқишае ба маротиб шадидтар ва печидатар, ки ҷанбаҳои роҳбурдӣ, сарзаминӣ, низомӣ, амниятӣ ва иқтисодиро дарбар мегирад.
Ман шахсан низ таҷрибаи ҳидояти музокироти ғайримустақим бо Иёлоти Муттаҳидаро доштаам. Ин раванд, ки дар соли 2021 бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Урупо анҷом шуд, ҳарчанд печидатар ва душвортар аз музокираи мустақим буд, аммо ҳам имконпазир ва ҳам самарабахш буд. Агарчӣ он замон ба хатти поён нарасидем, аммо далели аслии он, набуди иродаи воқеӣ аз сӯйи давлати Ҷо Бойден буд.
Пайгирии музокироти ғайримустақим на як токтик аст ва на бозтоби як гароиши идеулужик, балки интихобе роҳбурдӣ аст, ки бар пояи таҷриба иттихоз шудааст. Мо бо деворе бузург аз беэътимодӣ мувоҷеҳ ҳастем ва нисбат ба садоқати ниятҳо тардидҳои ҷиддӣ дорем; тардидҳое, ки бо исрори Иёлоти Муттаҳида бар аз саргирии сиёсати “фишори ҳадди аксарӣ” пеш аз ҳар гуна таомули диплумотик, ташдид шудаанд.
Барои ҳаракат ба сӯйи оянда, ибтидо бояд ба дарки муштараке аз ин воқеият бирасем, ки ба таври усулӣ, чизе ба номи “гузинаи низомӣ” вуҷуд надорад, чӣ расад ба “роҳи ҳалли низомӣ”. Раиси ҷумҳур Тромп низ бо тавсия ба оташбас ба унвони аввалин гом барои поён додан ба ҷанги Укройн, ба равшанӣ ба ин воқеият эътироф кардааст.
Ҳазина кардани манобеи молиётдиҳандагони омрикоӣ барои ташдиди ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи мо, ҳузуре, ки метавонад ҷони сарбозони омрикоиро ҳазорон километр дуртар аз хокашон ба хатар биандозад, на танҳо ба натиҷаи диплумотик мунтаҳӣ намешавад, балки монее барои он аст. Миллати сарафрози Эрон, ки давлати ман дар заминаи боздорандагии воқеӣ, бар қудрати онон такя дорад, ҳаргиз таҳмил ва иҷборро нахоҳад пазируфт.
Мо наметавонем тасаввур кунем, ки раиси ҷумҳур Тромп бихоҳад ба яке дигар аз раисони ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бадал шавад, ки даргири ҷанге фоҷеабор дар Ховари Миёна шудааст; ҷанге, ки ба саросари минтақа густариш хоҳад ёфт ва ҳазинае ба маротиб фаротар аз ҳафт триллион доллар аз молиёти мардуми Омрико хоҳад дошт; ҳазинае, ки давлатҳои пешини Омрико дар Афғонистон ва Ироқ бар бод доданд.
Бо нигоҳе ба оянда, 2 нуктаи асосӣ шоистаи таъкид аст: нахуст он ки мумкин аст раиси ҷумҳур Тромп алоқае ба барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак (БАРҶОМ) надошта бошад, аммо ин тавофуқ дарбардорандаи як таъаҳҳуди (ӯҳдадории) калидӣ аст, ки дар он омадааст: “Эрон бори дигар таъкид мекунад, ки ҳеч гоҳ ва таҳти ҳеч шароите, ба дунболи ҷустуҷӯ, тавлид ё ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ нахоҳад буд. (Банди iii аз “Муқаддима ва муфодди куллӣ”-и БАРҶОМ)
10 сол пас аз инъиқоди БАРҶОМ ва наздик ба 7 сол пас аз он ки Иёлоти Муттаҳида ба таври якҷониба аз ин тавофуқ хориҷ шуд, ҳеч гуна мадраке вуҷуд надорад, ки нишон диҳад, Эрон ин тааҳҳудро нақз кардааст. Ин мавзӯъ борҳо ва борҳо дар арзёбиҳои ниҳодҳои иттилоотии Иёлоти Муттаҳида мавриди таъйид қарор гирифтааст.
Тулси Габбард, мудири Иттилооти миллии Омрико, ахиран тасреҳ кардааст, ки “Эрон дар ҳоли сохти силоҳи ҳастаӣ нест ва раҳбар (Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ) барномаи таслеҳоти ҳастаиро, ки дар соли 2003 мутаваққиф карда буд, муҷаддадан фаъол накардааст.”
Мо нисбат ба бисёре аз ҷанбаҳои сиёсати ҷаҳонии Омрико ва бавежа сиёсатҳои Ғарб дар минтақаи худ, аз ҷумла меъёрҳои дугона дар ҳавзаи ишоъаи таслеҳот, интиқодҳо ва гилояҳои ҷиддӣ дорем. Ба ҳамин тартиб, мумкин аст бархе нигарониҳо низ дар бораи барномаи ҳастаии мо вуҷуд дошта бошад. Мо замоне, ки дар соли 2015 ба тавофуқи БАРҶОМ пайвастем, омодагии худро барои посухгӯӣ ба ин нигарониҳо исбот кардем; тавофуқе, ки аз мавзеъи баробар ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил шакл гирифт.
Аммо бо вуҷуди он ки ҳанӯз ба чаҳорчӯби БАРҶОМ пойбанд мондаем, таҷрибаи мо аз адами тамоюл ё нотавонии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо дар анҷоми таъаҳҳудоташон дар чаҳорчӯби ин тавофуқи ҳастаӣ, бисёреро дар Эрон ба ин натиҷа расонда, ки ҳусули ҳар тавофуқи ҷадид, мусталзими дарёфти тазминҳое барои иҷрои мутақобили таъаҳҳудот аст.
Дуввум, як суибардошти ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шавад. Бисёре дар Вошингтун, Эронро аз манзари иқтисодӣ кишваре баста тасвир мекунанд. Аммо воқеият он аст, ки Эрон ба таври комил барои ҳузури фаъоли ширкатҳо ва касбу корҳои байналмилалӣ боз аст. Ин маҳдудиятҳо на аз ҷониби Эрон, балки аз сӯи давлати Иёлоти Муттаҳида ва мавонеи таҳмилшуда тавассути Кунгра будаанд, ки ширкатҳои омрикоиро аз вуруд ба бозори Эрон; бозоре бо фурсатҳои дар миқёси триллион долларӣ, боздоштаанд.
Дар ҳақиқат, замоне, ки Омрико дар чаҳорчӯби БАРҶОМ муҷаввизи фурӯши ҳавопаймоҳои мусофирбариро содир кард, Эрон билофосила барои хариди беш аз 80 фарванд ҳавопаймо бо ширкати Boeing вориди музокира ва ақди қарордод шуд. Гуфтани ин ки фурсатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар Эрон беназир аст, ҳаққи матлабро адо намекунад.
Пешниҳоди мо барои оғози музокироти ғайримустақим ҳамчунон рӯйи миз қарор дорад. Мо бар ин боварем, ки агар иродаи воқеӣ вуҷуд дошта бошад, ҳамвора роҳе барои пешрафт ҳаст. Ҳамон тавре ки таҷрибаҳои ахир нишон додаанд, диплумосӣ дар гузашта натиҷабахш буда ва ҳамчунон метавонад муассир бошад. Мо омодаем нияти сулҳомези худро шаффоф кунем ва барои рафъи ҳар гуна нигаронии мантиқӣ, иқдомоти лозимро анҷом диҳем.
Дар муқобил, Иёлоти Муттаҳида метавонад ҷиддияти худро дар масири диплумосӣ бо пойбандии воқеӣ ба тавофуқе, ки имзо мекунад, нишон диҳад. Агар ба мо эҳтиром гузошта шавад, мо низ бо эҳтиром посух хоҳем дод. Аммо афзоиши ҳузури низомӣ паёми комилан мутазодде ирсол мекунад.
Ин сухани манро ба ёд дошта бошед: Эрон диплумосиро тарҷеҳ медиҳад, аммо ба хубӣ медонад чӣ гуна аз худ дифоъ кунад. Мо на дар гузашта дар баробари таҳдидҳо таслим шудаем ва на акнун ва на дар оянда таслим хоҳем шуд. Мо хоҳони сулҳ ҳастем, аммо ҳаргиз таслимро намепазирем.
Акнун тӯп дар замини Омрикост. Агар Омрико ба дунболи роҳи ҳалли диплумотики воқеӣ аст, мо масири онро пештар нишон додаем. Аммо агар ҳадафаш таҳмили ирода аз тариқи фишор бошад, бояд бидонад: миллати Эрон дар баробари забони зӯр ва таҳдид, муттаҳидона ва қотеъ вокуниш нишон медиҳад. Акнун фурсате вуҷуд дорад, то Иёлоти Муттаҳида саранҷом як “раиси ҷумҳури сулҳ” дошта бошад. Ин ки оё ин фурсатро муғтанам мешуморад ё на, интихоб худи онҳост.
Washington Post
Қаламонлайн