Се дархости аслии Эрон аз Амрико

Се дархости аслии Эрон аз Амрико

Wall Street Journal: Се дархости аслии Эрон аз Амрико

Байналмилал

Рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal дар хабаре гузориш дод, ки ҳайати эронӣ дар музокироти Масқат 3 дархости аслӣ аз тарафи омрикоиро матраҳ кардааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳайати эронӣ рӯзи шанбе дар музокира бо тарафи омрикоӣ чанд хостаи аслиро матраҳ ва ҳамзамон бар сари мондагории барномаи ҳастаии худ пофишорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Wall Street Journal, Эрон дар ин гуфтугӯҳо хостори дастрасӣ ба миллиардҳо доллар пулҳои масдудшудаи худ дар хориҷи кишвар шуд.

Ҳамчунин Эрон аз Омрико хостааст, то тамоми маҳдудиятҳо бар сари роҳи содироти нафтро аз миён бардорад ва дар охир Эрон хостори рафъи сареи таҳримҳои муртабит бо барномаи ҳастаии худ шудааст.

Ба гуфтаи ин рӯзномаи омрикоӣ, Эрон омодагии худро барои коҳиши сатҳи ғанисозии ураниум эълом карда, аммо ҳар гуна дархосте барои поён додан ба барномаи ҳастаии худро рад кардааст.

Гуфтанист, гуфтугӯҳои ғайримустақим байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар бораи рафъи таҳримҳо ва баҳси ҳастаӣ рӯзи шанбе дар Масқат, пойтахти Уммон ва бо миёнҷигарии Бадр Бӯсаъидӣ, вазири хориҷаи Уммон баргузор шуд.

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон дар паёме фазои музокиротро “созанда ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил” тавсиф кард ва навишт, ки тарафайн мавозеи давлатҳои худ дар бораи мавзӯоти муртабит бо барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон ва рафъи таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эронро аз тариқи вазири умури хориҷаи Уммон табодул карданд.

Ин гуфтугӯҳо дар ду солуни ҷудогона баргузор шуд ва пас аз поёни беш аз ду соату ними музокира, раисони ҳайатҳои намояндагии Эрон ва Омрико дар ҳангоми тарки маҳалли гуфтугӯҳо бо ҳузури вазири умури хориҷаи Уммон дақоиқе гуфтугӯ карданд.

Wall Street Journal

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шикоят дар Додгоҳи Байналмилалӣ алайҳи Раҳмон
Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар бораи музокироти Эрон ва Амрико

Матолиби пурбоздид