Артиши Яман бори дигар нови омрикоиро ҳадаф қарор дод
Байналмилал
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз як амалиёти муштараки мушакӣ ва паҳподӣ алайҳи Омрико дар шимоли баҳри Сурх хабар дод.
Ба гузориши Алмасира, Сареъ гуфт, ки ягонҳои мушакӣ ва паҳподии артиши Яман, дар баҳри Сурх, бори дигар нови ҳавопаймобари омрикоии Truman-ро тайи соатҳои гузашта ҳадаф қарор доданд.
Ин фармондеҳи яманӣ мегӯяд, ки ҳамалоти мазкур, дар чорчӯби муқобила бо ҳамалоти Омрико ба Яман ва дар посух ба ҷиноёти ин кишвар алайҳи миллати Яман ва Фаластин аст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ низ хабар дод, ки падофанди ҳавоии Яман паҳподи омрикоии MQ-9-ро дар ҳангоми анҷоми иқдомоти хасмона дар ҳарими ҳавоии устони Ал-Ҷавф бо як мушаки муносиби бумӣ соқит кард.
Қаламонлайн