Хитоби беэҳтиромонаи Маҳмуд Аббос ба Ҳамос
Иҳонати Маҳмуд Аббос ба Ҳамос: “Падарсагҳо! Гаравгонҳоро раҳо кунед”
Байалмилал
Ба гузориши Аларабия
Маҳмуд Аббос – раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин, дар Кунграи 32-и Ташкилоти Худгардони Фаластин, хитоб ба Ҳамос бо лаҳҷаи фаластинӣ гуфт:
“Падарсагҳо! Гаравгонҳоро раҳо кунед, то баҳонаи идомаи куштори мардум дар Ғаззаро бигиред, ҳар рӯз садҳо нафар кушта мешаванд, ҳар чи ба Ҳамос мегӯем, мегӯянд: На на”.
Қаламонлайн