Паёми Озарахш ва Фарзона

Паёми Озарахш ва Фарзона
Ба сафири кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Ҷаноби оқои Алиризо Ҳақиқиён!
Устоди арҷманд!
Хабари фоҷиаи мудҳиши Эрон дили моро ханҷору хуншор кард. Умедворем, ки зуд ин шақовату бадбахтиҳо поён меёбанду пушти хотираҳо ғайб мезананд.
“Хонаи дӯст куҷост?” – мегӯяд Сӯҳроби Сипеҳрӣ. Шабу рӯз дуо мекунем, ки хонаи дӯст амон бошаду Эрони азизи мо мазҳари оромишу рафоҳи ҷовидон бимонад. Хешону пайвандону ҳамнажодону ҳамзабонону ҳамдинону ҳамдилони мо эмин аз газанду мавҷхези ҳаводис ҳаёти ором ба сар баранд ва зиндагии фархундаро дуруд гӯянд. Аз Худованди Корсоз мехоҳем, ки зуд ба куҳанмарзи бостони мо муждаи имдоду пайки наҷот фиристад.
Имрӯзу ҳамеша бошаҳомат бошӣ,
Эрони шарифи мо, саломат бошӣ!
Бо муҳаббат ва дуои мудом Озарахшу Фарзона.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Музокироти Эрон ва Амрико мунтафӣ аст
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Режими саҳюнистӣ мунтазири муҷозоти сахт бошад!”

Матолиби пурбоздид