Иштибоҳе, ки режими Исроилро ба вартаи ҳалокат кашонд

Таҳлили хабарӣ

Иштибоҳе, ки режими Исроилро ба вартаи ҳалокат кашонд

Иштибоҳи ӯ дар чӣ буд?

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

Режими Исроил муртакиби иштибоҳе шуд, ки акнун намедонад чӣ кор кунад.

Иштибоҳи ӯ – ва аз пушташ Омрико ва чанд кишвари урупоӣ – дар ин буд, ки онҳо фикр карда буданд, бо терури фармондеҳони асосии Эрон ва ҳамлаи барқосо ба марокизи низомӣ, ин кишвар фалаҷ мешавад. Ва нақша ва барномаи Исроил – ки солҳо барои он омодагӣ дидааст – ин буд, ки бо фалаҷ шудани кишвар, муздурони дохилиаш ба сураът фаъол мешаванд ва мардумро алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломӣ таҳрик мекунанд; дуруст мисли сенарияе, ки дар Либӣ анҷом шуда буд. Ва бо ҳамин, кор ба гумони онҳо тамом мешавад. Ва тибқи нақшаи онҳо, ин барнома як ҳафта бештар тӯл намекашад.

Аммо инак, ин нақшаашон баҳам хӯрд. Ду нукта ҳаст, ки дӯст дорам ёдовар бишавам:

1) Муҳимтарин иштибоҳи онҳо, дар шинохти мардуми Эрон буд. Тавзеҳ ин ки: мардуми Эрон як хӯю хислате доранд, ки мунҳасир ба онҳост; хӯйе, ки фақат касе онро мешиносад, ки бо онҳо зиндагӣ ва нишасту бархост дошта бошад. Ва он хислат ин аст, ки: вақте шумо бо онҳо дар бораи ҳукуматашон ва сиёсати он сӯҳбат мекунед, аз онҳо фақат шикоят ва норизоятӣ мешунавед; шикоят аз вазъи мавҷуд, шикоят аз мақомоти кишварашон ва хулоса, шикоят аз ҳама чиз. Онҳо фақат “Ло” мешиносанд, яъне “На”. Ба ҳама чиз мӯътариз ва сар то по норозӣ ва ҳамеша хоҳони вазъе беҳтаранд. Масалан, дар ноҳияи иқтисод агар дорои 10 ҳазор доллар бошад, мегӯяд, ин кам аст, 10 ҳазор доллар чизе нест, 100 ҳазор мехоҳад ва то охир. Дар ҳамаи маҷолот чунинанд; дар сиёсат, дар иқтисод ва хулоса дар ҳама чиз.

Асосан ҳамин хислаташон аст, ки инқилоб кардаанд. Одами сар то по “розӣ”, ҳаргиз ва абадан инқилоб намекунад. Касе инқилобӣ мешавад, ки ӯ хоҳони вазъе беҳтар аз он, ки феълан дорад, дошта бошад, на касе, ки ҳамеша “розӣ” ва ба истилоҳ, муҳофизакор бошад.

Омрико ва ба табаъи он, Исроил ва куллан ғарбиҳо, ҳамеша барномаҳои худ дар кишвареро бар асоси омор (статистика) пеш бурдаанд. Дар ҳама ҷо. Дар Эрон аввал ҳатман назарсанҷӣ дар миёни мардумаш гузарондаанд ва дидаанд, ин мардум аз ҳукуматашон норозӣ ва мудом лаб ба шикоят боз мекунанд.

Ҳамин падида сабаб шуда, ба ин натиҷа бирасанд, ки вақте замина фароҳам ояд, ин мардум ҳатман алайҳи ҳукуматашон бапо хоҳанд хост.

Дар ҳоле, ки аз паҳлӯи дигари моҷаро огоҳ набудаанд. Ва он ин ки: ин мардум дӯст надоранд, касе аз берун барои онҳо хатту нишон бикашад. Ба шиддат дар ин ҷиҳат таъассуб доранд. Бинобар ин, ҳамеша дар таърих чунин буда, ки ҳангоми ҳамлаи бегона ба ин кишвар, мардумаш пушти сари ҳукуматашон истодаанд. Дӯст надоранд, як бегона дахолат кунад. Агар ҳукуматашон масалан фосид бошад, худашон сарнагунаш мекунанд, чунонки 45 сол пеш ҳамин корро карданд ва шоҳро сарнагун сохтаанд.

Ҳоло пас аз ҳамлаи ахири Исроил, чунон ваҳдате миёни мардуми ин кишвар эҷод шуда, ки фақат дар ҳангоми таҷовузи Саддом назири он падид омада буд.

2) Нукта дигар он ки: инак, ки Исроил бо ин нақша ба Эрон ҳамла кард ва нақшааш амалӣ нашуд, тӯлонӣ шудани ҷанг, кишвари ҷаълии Исроилро нобуд хоҳад кард, ҳатто агар Эрон дигар як мушак ҳам шиллик накунад, ҳатто дар ин сурат, дигар Исроил тамомшуда аст. Зеро, алъон вазъ чунин аст, ки ҳамаи хутути ҳавоӣ дар Исроил таътил, бандарҳояш таътил, иқтисод дар ҳоли фурӯпошӣ, ҳамарӯза аз Исроил ҳудуди 50 – камтар ё бештар – ҳавопаймои ҷангӣ ба Эрон ҳамла мекунад; масофате беш аз ҳазору понсад км ва ҳар парвозе, ба гуфтаи коршиносони низомӣ, садҳо ҳазор доллар харҷ дорад, ин кам нест… Қатъи назар аз соири мушкилоти ҷанг.

Хуб, то кай чунин вазъ идома хоҳад дошт?! Оё мардуми Исроил таҳаммули якчунин вазъеро дар дарозмуддат доранд?! Қатъан на. Зеро онҳо Исроилеро мехоҳанд, ки ба истилоҳ, “биҳишт” бошад, на Исроили ҷангзада ва “ҷаҳаннам”-ро. Онҳо аз ақсо нуқоти гетӣ, ки ба Фаластин кӯч кардаанд, барои зиндагӣ кӯч карданд, на барои мурдан. Бинобар ин тарҷеҳ медиҳанд, аз ҳамон ҷо ки омадаанд, ҷомандонҳояшонро ҷамъ кунанд ва ба ҳамон ҷо баргарданд.

Ба хилофи эрониҳо, ки Эрон сарзаминашон аст, даҳҳо ҳазор сол дар он зиндагӣ кардаанд, ҳамеша кишваре мустақил будааст, имперотурӣ буданд, ҳамеша ва дар тӯли таърих. Инҳо имрӯз агар аз сӯйи Омрико ҳам ба ин кишвар ҳамла шавад, то охир меҷанганд ва муқовимат мекунанд ва мурданро барои дифоъ аз сарзамини худ тарҷеҳ медиҳанд.

Алъон Эрон барномааш ҳамин аст: яъне ҷанг тӯлонӣ шавад ҳатто агар як мушак ҳам бар фарз ба Исроил партоб нашавад, дар ҳар ҳафта ҳамалоти маҳдуд кофист, зиёд лозим нест, муҳим ин аст, ки ин вазъи билотаклифӣ дар Исроил тӯлонӣ шавад, ки дар он сурат, Исроил, дигар бе Исроил, қатъан фурӯ хоҳад пошид, иншоаллоҳ, наздиктар аз он, ки фикрашро мекунем. Бе ҷиҳат шаҳид Аҳмад Ёсин нагуфта буд, соли 2027 Исроил суқут мекунад, раҳбари Эрон низ борҳо ин ҳақиқатро тасреҳ кардааст.

Хуб, феълан ба ҳамин миқдор басанда мекунам, то ёддоштҳои дигар.

Саломат бошед

Зинда бод Эрони Исломӣ!

Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яҳё Сареъ: Киштиҳо ва новҳои Амрикоро ҳадаф мегирем
Як мақоми амрикоӣ: Эрон тавони ҳамла ба нерӯҳои мо дар Ховари Миёнаро дорад

Матолиби пурбоздид