Чаро Эрон пирӯзи набарди 12-рӯза шуд?

Таҳлили хабарӣ

Чаро Эрон пирӯзи набарди 12-рӯза шуд?

Ахбори байналмилал

Соате пеш ба дархости ИМА ва миёнҷигарии Қатар, оташбас миёни Эрон ва Исроил сурат гирифт ва бо вуҷуди адами итминони неруҳои мусаллаҳи Эрон, коршиносон онро поёне бар набарди 12-рӯзаи Эрон ва Исроил медонанд.

Аммо чаро пирӯзии ниҳои ин набарди 12-рӯза Ҷумҳурии Исломии Эрон аст?

Тарҳ ва барномаи Исроил дар соатҳои ибтидоии таҳоҷум алайҳи хоки Эрон нишондиҳандаи ин мавзӯъ буд, ки Исроил барои ҷанги маҳдуд по ба майдон нагузоштааст.

Истифода аз тамоми зарфиятҳои Исрил дар ин набард нишон медиҳад, ки режим ба гумони худ ва бо тамоми тавон ба қасди нобудии Эрон омадааст.

Дар воқеъ режими саҳюнистӣ на фақат барои масъалаи ҳастаӣ, балки бо ҳадафи нобудии тамоми зерсохтҳои санъатӣ, энержӣ, умронӣ ва низомии Эрон вориди ин корзор шуда буд.

Ҳамлаи ҳадафманд ба фармондеҳони аршади инзосӣ, террори шахсиятҳои илмӣ ва ҳастаӣ, истифода аз тамоми ҷосусон ва авомили нуфузии дар Эрон, бакоргирии тамоми тавони низомӣ ва чанд муаллифаи дигар нишон медод, ки Исроил дар паи табдили Эрон ба як вайрона буд, на як ҷанги маҳдуди чандрӯза, ки ба як оташбас хатм шавад.

Дар воқеъ бояд гуфт, чанд омил сабаб шуд то Исроил ба аҳдофи худ даст пайдо кунад; ибтидо он ки неруҳои мусаллаҳ ва утоқи фаромндеҳӣ бовуҷуди дарёфти зарбаҳо тавонистанд ба суръат худро бозёбӣ карда ва дар сареътарин замон посухи таҷовузи Исроилро бо партоби садҳо фарванд мушак ва паҳпод бидиҳанд, дуввум он ки Исроил тасаввур мекард, бо мавҷҳои аввалияи ҳамалоти худ метавонад камари қуввои мушакии Эронро шикаста ва монеъ аз таҳоҷуми мушакӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ шавад, ки ин амр низ бо тадбири фармондеҳони шуҷоъ ва зарфиятҳои мавҷуд дар неруҳои мусаллаҳ хунсо шуд ва севвум он ки Исроилтасаввур мекард бо аввалин ҳамлаи худ ба Теҳрон мавҷе аз нооромиҳои дохилӣ тавассути мардум оғоз мешавад, ғофил аз он ки миллати Эрон то охирин қатраи хуни худ бо тамоми ихтилофоти сиёсӣ аз хоки Эрон дифоъ хоҳанд кард.

Ҳоло тасаввур кунед, ки Исроил бо тамоми тавон, ба ҳамроҳи истгоҳҳои родории НАТО ва Амрико, ба ҳамроҳи ҳимояти кишварҳои аврупоӣ ва мушорикати мустақими Амрико дар ҷанг, оё танҳо ба як ҷанги маҳдуд ризоят медод? Қатъан на.

Аммо посухи ин пурсиш, ки чаро Исроил ба оташбас тан дод, бисёр возеҳ аст; Эрони Исломӣ бо вуҷуди дарёфти зарбаҳои шадид тавонист ҳамалоти бисёр вайронгарро ба сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) анҷом диҳад, ки бисёре аз ин ҳамалот аз диди расонаҳо махфӣ монд, ҳамчунин иттиҳод ва якпорчагии миллати Эрон ҷиҳати дифоъ аз хоки худ, занги хатари бузургеро дар Телавив ва Вашингтон ба садо даровард.

Бо вуҷуди ин шароит ду роҳ дар баробари Исроил ва ИМА мутасаввар буд, Исроил ва Амрико дар Ховари Миёна ва ҳазорон кушта бар рӯи дасти Доналд Тромп мемонд, ё бояд аз ҳадафи худ, яъне сарнагунии Ҷумҳурии Исломӣ ва табдили Эрон ба кишваре мушобеҳи Дибӣ ё Афғонистон, ақибнишинӣ мекард.

Дар ниҳоят, пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба пойгоҳи ҳавоии Алудайд, воқеъ дар Қатар, ки бештар як паём бад, то як ҳамлаи низомӣ, Доналд Тромп хоҳони оташбас шуд ва Қатарро миёнҷии ин рӯйдод қарор дод.

Ҳоло тасаввур кунед, душманони Эрон на барои зарбаи маҳдуд, балки барои бо хок яксон кардани тамоми зерсохтҳои Эрон вориди ин набард шуданд ва Эрон ба танҳоӣ дар баробари ин ҳама ҳамалот истиқомат кард ва саранҷом душманонро маҷбур ба оташбас ва ақибнишинӣ кард.

Ҳоло дубора ба ин масъала биандешед, оё Эрон пирӯзи воқеии ин набард набуд?

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пирӯзии нур бар зулмат
Бар асари ҳамалоти имрӯзи Эрон: 11 кушта ва даҳҳо маҷруҳ

Матолиби пурбоздид