Музокироти сахте дар роҳ аст 

Таҳлили хабарӣ
Музокироти сахте дар роҳ аст 
Синвор Бойден ва Натонёҳуро мот кард
Ёддошти Абдулборӣ Атвон
“Телавив ночор ба гуфтугӯ бо Ҳамос шуд. Музокироти пеши рӯ бисёр сахт хоҳад буд, зеро ҳавли меҳвари асирони саҳюнист аст, ки бештари онҳоро женеролҳо ва низомиён ташкил медиҳанд, на афроди оддӣ мушобеҳи он чи дар марҳилаи аввали музокирот анҷом шуд…”
Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм:
Ҳангоме, ки Исҳоқ Ҳертсуг, раиси режими саҳюнистӣ, ба Ҳамос ва раиси он дар Ғазза, муборизи настӯҳ, Яҳё Синвор, барои бозгашт ба гуфтугӯ ба манзури дастёбӣ ба тавофуқи ҷадиди мубодилаи асирон рӯй оварда ва омодагии худро барои додани имтиёзоти бузург эълом мекунад, ин ба манзилаи эътирофи ошкор ва равшан ба шикасти ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва шикасти бузурги артише аст, ки худро шикастнопазир медонад.
Изҳороти раиси режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо баргузории нишасти сеҷониба дар Лаҳистон (Полша) миёни Муҳаммад бен Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар, раиси Созмони ҷосусии ин режим (Мусод) ва Уилям Бернс, раиси Созмони ҷосусии Омрико (CIA) барои аз саргирии музокирот бо Ҳамос ба манзури дастёбӣ ба оташбаси инсонӣ бо ҳадафи озодии асирони ду тараф аст.
Марҳилаи дуввуми гуфтугӯ пас аз фишорҳои фаровон бар кобинаи Натонёҳу аз сӯйи хонаводаи асирони саҳюнист ва афкори умумии ин режим аст, ки худро дар маърази фиреби бузург аз сӯйи Натонёҳу, кобина ва артиши Исроил мебинанд ва ба бовари росих расидаанд, ки ҳамаи ваъдаҳои додашуда дар бораи таҳаққуқи аҳдофи ҳамла ба Ғазза ба вижа ғалаба бар Ҳамос ва бозгардондани асирон бо қудрат, дурӯғе гумроҳкунанда будааст.
Натонёҳу аз ҳамаи хутути қирмизи худ даст бардошта ва омодаи гуфтугӯ бо Ҳамос аз тариқи миёнҷигарони қатарӣ ва омрикоист; ҳамон Ҳамосе, ки ба дунболи нобудии он буд. Натонёҳу аз роҳкори низомӣ барои бозгардондани асирон даст бардоштааст.
Синвор, бозгашт ба музокираро нахоҳад пазируфт, магар пас аз таваққуфи комили ҷанг ва хуруҷи низомиёни исроилӣ аз манотиқе, ки дар Ғазза ишғол карданд ва низ иҷоза додан ба вуруди кӯмакҳои доруӣ ва ғизоӣ, сӯхт, обу барқ ба Ғазза. Синвор, ки музокироти мавсум ба оташбаси инсонии муваққатро мутаваққиф кард, ҳаргиз дар марҳилаи ҷадид аз музокира ҷуз ба холӣ кардани зиндонҳои режими саҳюнистӣ ва озодии ҳамаи асирони қадимӣ ва ҷадиди фаластинӣ розӣ нахоҳад шуд.
Имтиёзоти бузург ва дардноке, ки раиси режими саҳюнистӣ аз он сухан гуфта ва боризтарини он, озод шудани асироне аст, ки низомиёни саҳюнистро кушта ё ба гумони Телавив, дасташон ба хун оғиштааст, муқаддимаи тан додан ба шурути Ҳамос барои озодии ҳамаи асирон ва дар раъси онҳо Марвон Барғусӣ, узви Кумитаи марказии ҷунбиши Фатҳ аст, ки ҳабси абад барояш содир шудааст.
Шикастҳои бузурги артиши режими саҳюнистӣ ва кушта шудани садҳо низомии он ва инҳидоми беш аз 500 тонк ва нафарбар ва худравҳои зиреҳӣ ва аз даст додани ҳимояти байналмилалӣ, дохилӣ, кушта шудани асирони ин режим ба дасти низомиёни худӣ ба сабаби ошуфтагӣ ва фурӯпошии руҳия ва ҳолати ваҳшате, ки дар он ба сар мебарад, ҳамагӣ ё ҷудогона, сабаб шуд, то мақомоти режими саҳюнистӣ барои коҳиши талафот ва хасорот, ба мизи музокира биштобанд.
Музокироти пеши рӯ бисёр сахт хоҳад буд, зеро ҳавли меҳвари асирони саҳюнист аст, ки бештари онҳоро женеролҳо ва низомиён ташкил медиҳанд, на афроди оддӣ мушобеҳи он чи дар марҳилаи аввали музокирот анҷом шуд. Теъдоди ин асирон ҳаддиақал 140 нафар аст, ки музокиракунандаи фаластиниро дар мавқеъияти қавӣ қарор медиҳад ва ин ба сабаби пуштвонаи пойдорӣ ва пирӯзиҳояш ва шикастҳои паёпайи душман дар ҳамаи заминаҳост.
Бархе таҳлилгарони саҳюнист, ки бештари онҳоро женеролҳои бознишаста ташкил медиҳанд, ба ин воқеият эътироф карданд, ки Синвор марде қавӣ дар муқоиса бо Бойден ва Натонёҳу аст ва ҳарфи охирро мезанад, зеро ба хубӣ аз зеҳнияти исроилиҳо огоҳ аст, шикасти бузург дар таърихи ин режимро муҳандисӣ кард, аз пойгоҳи мардумии қавӣ бархӯрдор аст ва имони росих дорад, ки тӯлонӣ шудани ҷанг ба нафъаш аст ва муҳимтар аз ҳама ин ки аз марг ҳаросе надорад ва муштоқи шаҳодат аст.
Исроил дар масири завол қарор дорад ва муқовимат побарҷост ва баргаи барандаҳои зиёде дорад, бо гузашти беш аз ҳафтод рӯз аз ҷанг, андаке аз тавони худро гузошта ва ҳамчунон ба мушакборони Телавив ва шаҳракҳои атрофи Ғазза монанди Ашдод, Асқалон ва Сдирот идома медиҳад. Пойдории муқовимат дар Ғазза, ҳамаи қавоъиди даргирӣ ва муъодилоти қудрат дар Ховари Миёнаро тағйир дода ва хоҳад дод ва тағйироти густардае эҷод хоҳад кард, ки ба нафъи Омрико ва режими саҳюнистӣ нест.
Синвор аз зери замин сарбаланд хориҷ хоҳад шуд ва дар шаҳрҳои Ғазза дар ҳоле, ки аломати пирӯзиро нишон хоҳад дод, қадам хоҳад зад ва Натонёҳу ва женеролҳояш сарафканда ба селлулҳояшон хоҳанд рафт, албата агар ба ҳамроҳи милюнҳо шаҳракнишин ба сарпаноҳҳои амн дар Урупо нагурезанд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назари коршиносони исроилӣ дар бораи мавзеи Эрон аз ҷанг дар Ғазза 
Чи касе посухгӯст?

Матолиби пурбоздид