Пиру муршиди руҳии Натонёҳу: “Эрониҳо ҳамон Амолиқа ҳастанд, ки Таврот ба мо дастур дода ононро маҳв кунем!”
Ахбори байналмилал
Шмуэл Элияху, ҳохоми машҳури исроилӣ ва узви шӯрои бузурги хохомҳо ва пиру муршиди Натонёҳу, дар изҳороте, ҳамалоти хушунатомези Исроил ба Эрон, Ғазза ва Ҳизбуллоҳро “комилан қобили қабул” донист ва гуфт: Тибқи омӯзаҳои динии яҳудӣ, ин кор дастури илоҳӣ аст.
Инак, бахше аз суханони вай:
“Дунё ба даврони тӯфон мерасад, ки дар он, шарр ба як амри машрӯъ табдил мешавад. То ин ки Иброҳим меояд ва талош мекунад, то нур ва хубиро биёварад.
Ва ин ҷанг миёни хубӣ ва бадӣ идома дорад, то ба замони мо бирасад, ки дар он, нерӯҳои шарр танҳо ба дунболи нобудӣ, куштор ва инҳидом ҳастанд.
Чӣ иртиботе бо Эрон дорем? Онҳо мушак партоб мекунанд. Чӣ иртиботе бо Ғазза дорем? Чӣ иртиботе бо Ҳизбуллоҳ дорем? Онҳо танҳо ба дунболи нобудӣ, куштор ва инҳидом ҳастанд. Ин ҳамон руҳи шарр аст, руҳи мор ва руҳи Амолиқа аст.
Ва вақте, ки (Таврот) ба миллати Исроил дастур медиҳад, ки номи Амолиқа бояд маҳв шавад, ин ҳамон чизе аст, ки дар “Шабот” дар мавриди ҳамла ба Эрон гуфта шуд, ки бояд номи Амолиқаро маҳв кунем.
Ин як дастури Таврот аст ва ҳамчунин Худованд мегӯяд, ки бояд номи Амолиқаро аз дунё маҳв кунем.”
Қаламонлайн