Ҳалокати ду низомии исроилӣ дар Ғазза
Ахбори байналмилал
Артиши Исроил эътироф кард, ки ду низомии худ дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар навори Ғазза кушта шуданд.
Ба иттилои артиши Исроил, яке аз онҳо дар минтақаи Рафаҳ пас аз таркиш ва фурӯ рафтани як бино ва дигаре дар натиҷаи таркиш дар дохили як бино дар минтақаи Хон-Юнус ҳалок шуданд.
Қаламонлайн