Конгресси Амрико: Бӯҳрони башарӣ дар Ғазза ҳалокатбор аст

Конгресси Амрико: Бӯҳрони башарӣ дар Ғазза ҳалокатбор аст

Ахбори байналмилал

75 дарсади сокинони Ғазза пас аз муҳосираи таҳмилшуда аз сӯи Бинёмин Нетонёҳу бо сатҳи фоҷиабори гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.

 Изҳороти муштараки аъзои Конгресси ИМА: Бӯҳрони башарӣ дар Ғазза ҳалокатбор аст

Гурӯҳе аз аъзои Конгресси ИМА дар изҳороти муштарак нисбат ба вазъи бади башарӣ дар навори Ғазза ҳушдор доданд ва эълом карданд, ки нооромиҳо ва хатар дар равандҳои расонидани кӯмакҳои башарӣ боиси марги тақрибан 700 нафар шудааст. Онҳо вазъи Ғаззаро даҳшатнок ва нопазируфтанӣ хонда, ёдовар шуданд, ки зиёда аз 100 созмони ғайриҳукуматӣ нисбат ба густариши гуруснагӣ дар тамоми Ғазза ҳушдор додаанд.
Дар ин изҳорот омадааст, ки 75 дарсади сокинони Ғазза пас аз муҳосираи таҳмилшуда аз сӯи Бинёмин Нетаняҳу бо сатҳи фоҷиабори гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд ва кӯмакҳои камшумори “Бунёди Инсонии Ғазза” ба ниёзҳои аҳолӣ ҷавобгӯ нест.

Ин намояндагони мардумӣ ҳамчунин интиқод карданд, ки ҳукумати Трамп бидуни машварат бо Конгресс 30 миллион доллар ба ин бунёд ҷудо кардааст.
Изҳороти мазкур илова кард, ки густариши амалиёти низомии Исроил дар Ғазза вазъи башариро ба хатар андохта ва идомаи ҷанг бидуни дурнамои равшан барои поён нарасидан, ҳатто ба нафъи амнияти Исроил нест.
Аъзои Конгресс таъкид карданд, ки набудани барномаи амалӣ барои марҳилаи пас аз ҷанг дар Ғазза як хато аст.
Намояндагон аз ҳукумати Трамп хостанд, ки барои ислоҳи амиқ ё қатъи фаъолияти “Бунёди Инсонии Ғазза” бар Нетоонёҳу фишор оварад ва ҳамчунин барои расидан ба созишномаи оташбас дар Ғазза иқдом намояд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Конодо бар хотимаи бӯҳрони Ғазза
Масали мӯрча

Матолиби пурбоздид