Афкори умумии мардуми Бритониё дар мавриди Фаластин бакуллӣ тағйир ёфтааст
Ахбори байналмилал
Ба навиштаи рӯзномаи Times-и Британиё дар як гузориши тоза, натиҷаи назарсанҷие нишон медиҳад, ки афкори умумии мардуми Британиё нисбати низои Фаластин ба таври қобили таваҷҷуҳ, ба фоидаи фаластиниҳо тағйир ёфтааст.
Бар асоси омори ин назарсанҷӣ, 29 фоизи шаҳрвандони Бритониё изҳор доштаанд, ки ҳамдардии бештаре бо фаластиниҳо доранд, дар ҳоле ки танҳо 15 фоиз аз посухдиҳандагон аз Исроил ҳимоят кардаанд.
Дар мавриди вокуниши низомии Исроил дар Ғазза, 48 фоиз ин вокунишро номутаносиб донистаанд ва танҳо 28 фоиз онро мутаносиб арзёбӣ кардаанд.
Ҳамчунин, 41 фоизи посухдиҳандагон бар ин боваранд, ки ҳукумати Бритониё набояд иҷозаи содироти ҳеҷ гуна силоҳро ба Исроил бидиҳад.
Қаламонлайн