Нахустин паёми Ҷабҳаи муқовимати Сурия

Нахустин паёми Ҷабҳаи муқовимати Сурия

Нахустин баёнияи “Ҷабҳаи муқовимати исломии Сурия”

Ахбори сиёсӣ ва фарҳангии Ҷаҳони Ислом

Фармондеҳи гурӯҳи тозатаъсиси “Ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар Сурия – Улил-баъс” дар нахустин ҳузури алании худ, бо интишори як баёния, барои озодсозии ин кишвар эълони умумӣ содир кард.

Ба гузориши рӯзномаи Қудси арабӣ, Абӯҷиҳод Ризо, фармондеҳи “Ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар Сурия – Улил-баъс”, ки бо номи мустаъори “Ризо Ҳусайн” низ шинохта мешавад, дар нахустин суханронии худ аз ҷануби Сурия, нерӯҳои низомӣ, муҷоҳидон ва озодагонро ба пайвастан ба ҷабҳаи муқовимат фаро хонд.

Тибқи ин гузориш, ӯ дар ин паёми видеоӣ таъкид кард, ки ҳадаф аз ташкили ин ҷабҳа, касби қудрат ё рақобат бо дигар гурӯҳҳо нест, балки тамаркузи аслӣ бар “озодсозии Сурия аз ишғол ва бозгардондани тасмими миллӣ” аст.

Бар асоси гузорише, ки рӯзномаи “Аннаҳор”-и Лубнон ба нақл аз манобеъи огоҳ мунташир карда, ин видео дар яке аз манотиқи ҷанубии Сурия забт шуда ва нишон медиҳад, ки Абӯҷиҳод Ризо ба тозагӣ дар асари ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ захмӣ шуда ва осори ҷароҳат дар сурат ва дасти рости ӯ намоён аст ва замони интишори ин паём ҳамзамон бо 80-умин солгарди таъсиси артиши Сурия интихоб шудааст.

Фармондеҳи ин ҷабҳа дар суханони худ эълом кард, ки давлати Сурия, бо тамоми иддаоҳояш дар бораи ҳокимият ва ниҳодҳо, дигар вуҷуди хориҷи надорад ва витрине барои ишғолҳои мутааддид аст.

Абӯҷиҳод гуфт: “Давлати Димишқ имрӯз абзоре дар дасти созмонҳои иттилоотии Туркия, Омрико ва режими саҳюнистӣ аст, ки манофеъи мутаноқизашон дар ҳадафи муштарак ҷамъ шуда ва он нобудии ҳувияти муқовими миллати Сурия аст.

Ӯ ҳамчунин ривояти роиҷ дар бораи ҷанги Сурияро рад кард ва гуфт, ки ин ҷанг “на як ҷанги дохилӣ, балки пружае саҳюнистӣ” аст, ки дар он, манофеъи Телавив, Вошингтун, Онқоро ва Маскав бо сармоягузории молии кишварҳои араби ҳавзаи халиҷи Форс ва ҳамоҳангии иттилоотии густарда, талоқӣ ёфтааст.

Абӯҷиҳод Ризо дар идома афзуд, ки ҷиноёт алайҳи шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи Сурия иқдоме созмонёфта будааст, ки аз ҷануб то шимол, аз соҳил то Сувайдо ва аз Ҳимс то Димишқ, бар асоси нақшаҳое дақиқ сурат гирифтааст.

Вай омилони ин кушторҳо аз ҷумла аносири Ҳайати Таҳрири Шом ба саркардагии Абӯмуҳаммад Ҷулониро “абзорҳои пружаи саҳюнистӣ” донист.

Бар асос он чи “Аннаҳор” ба нақл аз манобеъи наздик ба “Улил-баъс” гузориш кардааст, ин ҷабҳа дар ҳоли ҳозир аз даргир шудан дар ҷанги дохилӣ бавежа бо нерӯҳои давлати муваққат худдорӣ мекунад, аммо дар айни ҳол ин нерӯҳоро ба далели мавзеъгириашон дар қиболи “режими саҳюнистӣ”, ба шиддат мавриди интиқоди сиёсӣ ва ахлоқӣ қарор медиҳад.

Дар бахши дигаре аз суханронӣ, Абӯҷиҳод Ризо омадааст, ки “утоқҳои амалиёти махфӣ” дар Димишқ ва атрофи он фаъол ҳастанд ва 17 мақарри иттилоотии вобаста ба режими саҳюнистӣ танҳо дар пойтахт фаъол ҳастанд, ки ҳадафи онҳо доман задан ба ихтилоф ва тафриқа дар миёни миллати Сурия аст.

Ӯ муқовиматро “вазифаи таърихии ин марҳила” тавсиф кард ва гуфт: “Дигар гузинае ҷуз бозгашт ба ҷабҳае, ки на хиёнат кард, на созиш, на имзо ва на чанддастагӣ дошт, боқӣ намондааст.”

Вай дар бораи номи ин ҷабҳа низ тавзеҳ дод ва гуфт: “Улил-баъс ҳамон ёрони Байтулмуқаддас ҳастанд; касоне, ки дар аҳодис ваъдаи нобудии режими ғосиб ба онҳо дода шуда ва касоне, ки дар замоне, ки ботил ҳоким аст, бар ҳақ собитқадам мондаанд.

Паёми поёнии Абӯҷиҳод Ризо дарбардорандаи 2 мухотаб буд: яке, барои артиши режими ишғолгар ва ҳомиёни он дар шарқ ва ғарб, ки ба онҳо ҳушдор дод: “Туфангҳои мо хомӯш нахоҳад шуд ва ҷабҳаи мо шикаст нахоҳад хӯрд ва мардони мо маргро пули пирӯзӣ медонанд”. Ва дигаре барои миллати Сурия, ки гуфт: “Бидонед борони наҷот аз дили муомилаҳо намеояд, балки аз дили оташ, хун ва пойдорӣ зода мешавад. Душман, ҳар ки бошад ва ҳар либосе дошта бошад, танҳо бо ҷабҳае муттаҳид, ки душманро мешиносад ва медонад чӣ гуна биҷангад, шикаст хоҳад хӯрд.”

Ӯ таъкид кард, ки “Улил-баъс” бо хоинон созиш нахоҳад кард, бо худфурӯшон ҳамнишин ва бо хоинон ҳаммасир нахоҳад шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯъмин бад намекунад
Шодиофарин бош

Матолиби пурбоздид