Тавсияи Душанбе ба Покистон: Гузинаи сулҳро интихоб кунед
Манбаъ: Фейсбук сафҳаи шахсии Шавкати Муҳаммад
Ҳушдори Тоҷикистон ба Покистон: Афғонистон қабристони империяҳо аст
Пас аз нокомии музокироти амниятии Истанбул миёни ҳайатҳои Афғонистон ва Покистон ва боло рафтани танишҳои марзӣ, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар паёме ба Исломобод ҳушдор дода, ки таърихи Афғонистон қабристони империяҳост ва Покистон бояд аз сиёсатҳои ҷангҷӯёнаи худ даст кашида, роҳи сулҳ бо мардуми Афғонистонро пеш гирад.
Ба гузориши хабаргузории SNA, пас аз афзоиши танишҳои амниятӣ миёни Кобул ва Исломобод ва шикасти даври дувуми музокироти амниятӣ дар Истанбул, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х, аз Покистон даъват кардааст, ки дар муносибат бо Афғонистон тасмими сулҳомезро пеша кунад.
Ятимов дар ин паём навиштааст:
«Ба сардори артиши Покистон тавсия додам, ки роҳи сулҳ бо Афғонистонро интихоб кунад. Ёдовар шудам, ки таърих Афғонистонро ҳамчун қабристони империяҳо мешиносад ва сулҳ бо мардуми ин кишвар интихоби оқилонатар аст. Покистон бояд аз сиёсати ҷангҷӯёнаи худ дурӣ ҷӯяд».
Ин изҳорот дар ҳолест, ки музокироти амниятӣ миёни ҳайати ҳукумати кунунии Афғонистон ва намояндагони Покистон дар Истанбул бо миёнҷигарии Туркия ва Қатар, пас аз чанд рӯзи гуфтугӯ, бидуни расидан ба натиҷаи ниҳоӣ анҷом ёфт.
Қаблан Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон, ҳушдор дода буд, ки дар сурати нокомии гуфтугӯҳо, эҳтимоли сар задани даргирии ошкор миёни ду кишвар вуҷуд дорад.
Дар муқобил, Абдулматин Қонеъ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон, дар мусоҳиба бо шабакаи Ориёнонюз изҳор дошт:
«Иморати исломии Афғонистон то кунун ба ҳеҷ қудрате сар фурӯ наовардааст ва посухи мо ба Покистон ибратомӯз хоҳад буд. Ҳар гуна иқдоми низомӣ аз ҷониби Покистон бо вокуниши шадид ва қатъӣ рӯбарӯ хоҳад шуд».
Рӯзноманигорони наздик ба Толибон низ гузориш додаанд, ки ҳайати ин гурӯҳ бо ҳадафи гуфтугӯҳои созанда дар музокирот ширкат дошт, аммо ҷониби покистонӣ аз сабаби набуди салоҳияти қарор қабул кардан ва зери нуфузи доираҳои низомӣ будан, аз раванди гуфтугӯ ақиб нишаст. Иморати исломӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки идораи гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (TTP) бар дӯши Исломобод аст ва хоки Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишвар истифода нахоҳад шуд.
Ба гуфтаи нозирон, ҳушдори мансабдори аршади амниятии Тоҷикистонро метавон даъвате ба хештандорӣ ва хирадмандии минтақавӣ донист. Дар шароите, ки нокомии музокироти Истамбул, таҳдидҳои мутақобил ва ихтилофи ривоятҳо фазои созиш миёни Кобул ва Исломободро норавшан кардааст.
Пас аз нокомии даври дувуми музокироти амниятии Истамбул миёни ҳайатҳои Афғонистон ва Покистон ва боло гирифтани танишҳои марзӣ, изҳороти ахири Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дароз кардани пой берунтар аз курпаро мемонад.
Бо вуҷуди он ки гуфтаҳои Ятимов дар зоҳир шакли “маслиҳати дӯстона” доранд, аммо дар асл оҳанги таҳдидомез ва рамзӣ дар худ доранд. Зеро ибораи «Афғонистон қабристони империяҳост» аз лиҳози таърихӣ ва геополитикӣ ишора ба шикасти неруҳои бузург, аз Бритониё ва Иттиҳоди Шӯравӣ то Амрико аст. Илова бар ин қабри Амири охирини Бухоро онҷост. Баён кардани чунин ҷумла аз забони як роҳбари ниҳоди амниятии кишвари хурде мисли Тоҷикистон, ки худ дар масъалаҳои минтақавӣ одатан нақши эҳтиёткорона дорад, суоли муҳимро ба миён меорад, ки такягоҳи ин “гуфтори бузург” чист?
Ин пурсишро бо шарти ифшо нашудани номаш як афсари амниятии мустаъфии тоҷик, ки айни ҳол муқими Русия аст, ба Паём шарҳ дода гуфт: “Ятимов на танҳо раҳбари як ниҳоди амниятӣ, балки шахсе аст, ки робитаи наздик бо хадамоти махсуси Русия дорад. Дар шароите ки Маскав пас аз хуруҷи Ғарб аз Афғонистон мехоҳад нуфузи худро дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дубора эҳё кунад, чунин изҳорот метавонад ҳамсадои мавқеи геостратегии Русия бошад. Ин паёме ғайримустақим аст ва эҳтимол дорад ки Ятимов на аз номи худаш, балки бо ишораи Маскав сухан гуфта бошад.”
Ин афсари амниятӣ афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи шимолии Афғонистон аз фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба “Толибон” ва TTP эҳсоси таҳдид мекунад. Дар ин замина, сухани Ятимов метавонад паёми боздоранда на ба Покистон мустақиман, балки ба онҳое, ки мехоҳанд суботи шимоли Афғонистонро халалдор кунанд бошад. Бо истифода аз ибораи “қабристони империяҳо”, ӯ эҳтимолан хост нишон диҳад, ки ҳар касе, ки мехоҳад бо зӯр ба Афғонистон наздик шавад, оқибат аз он зарар мебинад.
Ба гуфти ин ҳамсуҳбати Паём, Тоҷикистон дар давраи ахир кӯшиш дорад, ки худро ҳамчун садои субот ва амният дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кунад. Ҳушдори Ятимов метавонад талоше бошад барои нишон додани нақши “миёнарави оқил” миёни Кобул ва Исломобод.
Ин афсари мустаъфии амниятӣ мегӯяд, Ятимовро аз наздик мешиносад ва ӯ ҳеҷгоҳ аз рахти кашида берунтар пой намениҳад. Мувафақияташ ҳамин аст. Бинобар, ин гуфтаи Ятимов агар аз худаш бошад, ба истилоҳ ин як “дипломатическая оплошность” аст. Яъне гуфторе, ки қасдан нест, вале метавонад ба муносибатҳои байни кишварҳо зарар расонад ё боиси нороҳатии тарафи дигар гардад. Агар дидаву дониста инро худаш гуфта бошад, як кам тундтар карда гуем, аблаҳӣ кардааст. Чун Тоҷикистон бо Покистон тарҳҳои бузурги иқтисодии дорои рақибони зиёд мисли “CASSA 1000” дорад.
Ин ҳамсӯҳбати Паём як версияи охирро ҳам, ки ин ҳарфҳо метавонад гуфтаи шахсан Ятимов бошад, аз эҳтимол дур намедонад. Ӯ мегуяд: “Дар ҳоле, ки дар «аҳли қубур»-и зикркардаи Ятимов, Русия ҳамчун мерсобари Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд дорад, бидуни андеша бо чунин лаҳн ҳарф задани Ятимов аҷиб аст. Бинобар инро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки чунин изҳорот метавонад танҳо паёми дохилӣ бошад. Ин метавонад нишон додани қудрат ва ҷасорати сиёсати хориҷии кишвар барои афкори дохилӣ ва таблиғи мавқеи “мустаҳкам” дар баробари таҳаввулоти минтақа бошад. Яъне, Ятимов бештар ба тамошобинони дохилӣ сухан мегӯяд, на ба Исломобод. Аммо, аз дидгоҳи дипломатияи классикӣ, чунин лаҳн барои кишваре бо вазни сиёсии маҳдуд хатарнок аст, зеро метавонад Покистонро ба ҷавоби сиёсӣ ё ҳатто амниятӣ водорад.”
qalamonline.net
Қаламонлайн













