Ҳушдори Ансоруллоҳ ба ҷанги мустақим бо Исроил
Аъбори байналмилал
Эъломи омодагии Ансоруллоҳ барои ҷанги мустақим бо Исроил
Нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки дар пайи нобудии Ансоруллоҳ аст; иддаое, ки бо вокуниши қотеи ин ҷунбиши яманӣ мувоҷеҳ шудааст.
Муҳаммад Бухайтӣ , узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар вокуниш ба ин ёвагӯии нахуствазири Исроил Бенёмин Натонёҳу, дар гуфтугӯ бо Алҷазира гуфт, ки “мо ба ҳар гуна таҷовузи Исроил, ба сурати муҳкам ва фаврӣ посух хоҳем дод”.
Ал-Бухайтӣ хитоб ба саҳюнистҳо ҳушдор дод: “Мо ҷанге мустақим бо режимро тарҷеҳ медиҳем; зеро нисбат ба ҷангҳои дохилӣ, ҳазинаи камтаре дорад ва боиси тақвияти уммати исломӣ мешавад.”
Гуфтанист, нахуствазири Исроил дирӯз ҷунбиши Ансоруллоҳро таҳдиди бузурге барои ин режим донист ва гуфт, ки дар пайи нобудии Ансоруллоҳ аст.
Ансоруллоҳи Яман дар тӯли ҷанги Ғазза, барои ҳимоят аз мардум ва муқовимати Фаластин, киштиҳои исроилӣ ва киштиҳои озими банодири Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор медод.
Яманиҳо ба режими саҳюнистӣ ҳушдор додаанд, агар ҳамла ба Ғаззаро аз сар бигиранд, паёмадҳои ҷуброннопазире дар интизори онон хоҳад буд.
qalamonline.net
Қаламонлайн













