Шабеҳи хонаи Паёмбар

Фарҳанг

Шабеҳи хонаи Паёмбар

Нигоҳе ба омӯзаҳои Маснавӣ

Ту чӣ донӣ завқи оби дидагон,

Ошиқи нонӣ ту чун нодидагон.

Ту, ки ҳарис бар матои дунявӣ ҳастӣ, чӣ медонӣ, ки завқ ва ҳоли ҳосиломада аз ашки чашм ва инкисори қалб чист. Зеро ту монанди гадоёни ҳарис шефтаи нонӣ.

Гар ту ин анбон зи нон холӣ кунӣ,

Пур зи гавҳарҳои иҷлолӣ кунӣ.

Агар ту анбони шиками худро аз нон холӣ кунӣ, яъне агар аз шаҳавоти баҳимӣ парҳез кунӣ, андарунат пур мешавад аз гавҳарҳои гаронқадри маърифат ва яқин.

Нукта: Мавлоно ба гуруснагии ихтиёрӣ, ки аз барномаҳои ҷиддии сулук аст, таваҷҷӯҳи том дошт ва худ ба он омил буд. Ғолиби рӯзҳо рӯза мегирифт. Нақл аст, ки ҳамеша аз аҳли хона суол мекард, ки имрӯз дар хона чизе (аз таом) ҳаст? Агар гуфтанд, хайр, ҳеч чиз нест, табассуме мекард ва мегуфт: Лиллоҳил ҳамд, ки имрӯз хонаи мо шабеҳи хонаи Паёмбар (с) аст. Ва агар мегуфтанд, таом ҳаст, мегуфт: Аз ин хона бӯйи Фиръавн меояд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.522)

Сӯфия серӣ ва пурхӯриро нописанд мешумурданд, зеро ҳам бар ҳоҷати солик меафзояд ва ҳам шаҳвати ҷинсиро ба ҳаяҷон меоварад ва ирзои шаҳвати ҷинсӣ низ ба асбоб ва тамҳидоти дигаре ниёз дорад, ки ниҳоятан одамиро асири ҷоҳу молу мақому ҳиқду кинатӯзӣ мекунад. (Ҳамон манбаъ)

Тифли ҷон аз шири шайтон боз кун,

Баъд аз онаш бо малак анбоз кун.

Эй солик! Тифли ҷони худро аз шири шайтон бигир. Яъне магузор, ки ҷонат асири шаҳавоти ҳайвонӣ шавад ва аз он тағзия кунад ва баъд аз он метавонӣ ҷонатро бо фариштагон ёру дамсоз кунӣ.

Нукта: Мурод аз шири шайтон ҳавоҳои нафсонӣ ва омоли шайтонӣ аст. Ва чун аз ғизоҳои нафсонӣ парҳез кардӣ, ба ғизои руҳонӣ, ки ҳамоно зикру ситоиши Ҳақ Таолост, унс ва хӯй гирӣ ва фариштасират шавӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.523)

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарзанди Қаззофӣ аз зиндон озод шуд
Гулистонам орзуст

Матолиби пурбоздид