Маркаби Мулло Насриддин

Маркаби Мулло Насриддин

Латифа

Нақл мекунанд, ки Мулло Насриддин коммунист шуда буд.

Аз ӯ пурсиданд: Мулло, медонӣ коммунист яъне чӣ?

Гуфт: Медонам!

Гуфтанд: Медонӣ агар дуто дучарха дошта бошӣ ва яке дигар аслан дучарха надошта бошад, ночор хоҳӣ буд, яке аз он дуро бидиҳӣ?

Гуфт: Бале, комилан ҳозирам ҳамин ҳоло ин корро бикунам.

Гуфтанд: Медонӣ агар дуто маркаб дошта бошӣ, бояд якеро бидиҳӣ ба касе, ки маркабе надорад?

Гуфт: Ман бо ин мухолифам!

Гуфтанд: Чаро, ин ҳамон мантиқ аст ва ҳамон натиҷа?

Гуфт: На, ин ҳамон нест, чун ман алон дуто маркаб дорам, вале дуто дучарха надорам!

Бисёре аз мо то замоне ба шиорҳои зебо пойбанд ҳастем, ки манофеи худамон дар хатар набошад, мо зебо ҳарф мезанем, аммо дар мақоми амал ҳаргиз бар асоси он чи мегӯем, рафтор намекунем.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон
Шикаст

Матолиби пурбоздид