Чапиҳо ва ростиҳо
Решаи истилоҳи “росту чап”
Андешкадаи Қалам
Истилоҳи ҷадид, ки мегӯянд “дасти ростӣ ва дасти чапӣ”, истилоҳи роиҷе аст, ки аз замони Ҳегел (Гегел) – файласуфи маъруфи Олмон, ки аз бузургони фалосифаи Ғарб ва дунё шумурда мешавад роиҷ шудааст. Ҳегел шогирдҳои зиёде дошта ва мегӯянд, рӯйи курсии тадрисаш, ки менишаст, шогирдонаш маъмулан ҷоҳои мушаххасе доштанд, як идда дар дасти рости курсиаш менишастанд ва як идда дар дасти чап.
Аз назари фикр, дасти ростиҳо бо дасти чапиҳо мутафовит буданд, яъне афкори дасти ростиҳо афкори мӯътадилтаре буд ва афкори дасти чапиҳо афкори тундтаре. Дасти ростиҳо муҳофизакорона фикр мекарданд ва дасти чапиҳо инқилобӣ ва тунд.
Кам-кам ин, истилоҳ шуд: дасти ростиҳо ва дасти чапиҳо.
Баъд дар ғайри шогирдиҳои Ҳегел ҳам дар ҳар ҷомеае ҳар гурӯҳеро, ки нисбатан муҳофизакорона фикр кунад, “дасти ростӣ” гуфтанд ва ҳар гурӯҳеро, ки инқилобӣ ва тунд фикр кунад, “дасти чапӣ”.
Имрӯз ба сармоядорҳо чун равиши сиёсиашон равиши муҳофизакорона аст, мегӯянд “дасти ростиҳо”, ба коммунистҳо, ки равишашон равиши инқилобӣ аст, мегӯянд “дасти чапиҳо”.
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)
Қаламонлайн
qalamonline.net













