Ирони ман
Шеъре ҷадид аз бону Фарзона Хуҷандӣ бо номи
“Ирони ман, Ирон”
Эй ҳуҷҷату бурҳони ман, Ирони ман, Ирон
Хуршеди Хуросони ман, Ирони ман, Ирон.
Бо душмани ту душману бо ёри ту ёрам,
Бе они туву они ман, Ирони ман, Ирон.
Эй сури ту сури ману эй суги ту сугам,
Эй дарди ту дар ҷони ман, Ирони ман, Ирон.
Бар рағми дусад дев биҷангӣ тани танҳо,
Танҳояли майдони ман, Ирони ман, Ирон.
Дар ҳалқаи рӯбаҳсифатон рахна даровар,
Эй шери найистони ман, Ирони ман, Ирон.
Бо қар – қари ҳар зоғу заған қатъ нагардад,
Гулчаҳ – чаҳи “Бустон” – ман, Ирони ман, Ирон.
Бар хирмани гул кист, ки андохт гулӯла?
Чун шуд гулу райҳони ман, Ирони ман, Ирон.
Наврӯз шуду хуни шаҳидон гули сурх аст,
Гулмазҳари армони ман, Ирони ман, Ирон.
Бо ҷаҳли ҷаҳонсузаш аду фатҳ наёбад,
Бар донишу ирфони ман, Ирони ман, Ирон.
Дард омаду гуфтам: кӣ шавад чорагари ман?
Эй муждаи дармони ман, Ирони ман, Ирон.
Пас чорагари дарди ҷаҳон низ ту мебош,
Ҳодии ҷаҳонбони ман, Ирони ман, Ирон.
Бо фарри фаридуниву бо муҳри каёнӣ,
Бо фазли ниёкони ман, Ирони ман, Ирон.
Дар гунбади азрақ алами сурх барафроз,
Бо раҳмати Раҳмони ман, Ирони ман, Ирон.
Бигзор ба олам бирасад чун хабари сулҳ,
Оҳанги Сипоҳони ман, Ирони ман, Ирон.
Эй ишқи ман, эй ишқи ман, эй ишқи ман, эй ишқ,
Ирони ман, Ирони ман, Ирони ман, Ирон!
Фарзона
Қаламонлайн













