Сардор Исмоили Қоонӣ
Ёддошти Сайидюнуси Истравшанӣ
Чӣ ситамҳое ба ин мард нашуд!
Яке аз барномаҳои душмани омрикоӣ-саҳюнӣ, ки дурӯғ гуфтан барояш мисли об хӯрдан аст ва барои расидан ба ҳадафаш, ҳозир аст ба ҳар касофат ва нопокие чанг бизанад, аз аввали ин ҷанг ин буд, ки шахсиятҳои таъсиргузор дар Ҷумҳурии Исломии Эронро терури шахсиятӣ бикунад, яъне шахсияти онҳоро зери суол бибарад ва дар анзор хурдашон кунад. Ин як шигирди маъруфе аст барои ин ноодамҳо, устодашон дар ин амр Геббелс аст, вазири таблиғоти Гитлер дар замони ҷанги ҷаҳонии дуввум. Маъруф аст, ки Геббелс мегуфт, дурӯғро чунон бо қотеъият бигӯед, ки касе дар он шак накунад.
Аз оғози ҷанги Рамазон, инҳо ва расонаҳояшон ин дурӯғро ба сурати бисёр густарда пароканданд, ки сардор Қоонӣ гӯӣ ҷосус будааст ва алъон дар Исроил аст ва баъзе гуфтанд, ӯро гӯӣ эъдом карданд ва аз ин ҳарфҳо.
Дастур ин буд, ки абадан вокуниш сурат нагирад ва ба ин чарандиёт посух гуфта нашавад, зеро яке аз барномаҳояшон ин буд, ки бо ин кор шахсиятҳоро маҷбур кунанд дар анзор зоҳир шаванд ва аз худ дифоъ кунанд ва он гоҳ саҳюнӣ ва омрикоии ноодам макони ӯро пайдо кунад ва терураш намояд. Зеро омрикоиҳо ва исроилиҳо имрӯза васоиле доранд, ки метавонанд ташхис диҳанд ту куҷоӣ ва аз куҷо барнома иҷро мекунӣ. Онҳо дар тамоми васоили тамос мисли Ватсап ва Ютюб ва ғайра ишроф доранд ва контрол мекунанд. Бисёре аз касоне, ки дар ин чанд рӯз терур шуданд, аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ ва ё ватсаппу ин ҷур чизҳо терур шуданд.
Хелеҳо – ва балки аксарияти мардум- ба ин ёваҳо боварашон шуда буд мутаассифона!
Худо ҳифзат кунад сардор!
С.И.













