Ҳушдори Сипоҳи Посдорон ба Амрико
Ахбори байналмилал
Ҳушдори Қароргоҳи Хотамуланбиё (с) ба Амрико
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Ҷ.И.Эрон, Қароргоҳи марказии Хотамуланбёи (с)-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар баёнияе эълом кард:
“Чунонки артиши мутаҷовизи Омрико ба муҳосира, роҳзанӣ ва дуздии дарёӣ дар минтақа идома диҳад, мутмаин бошад, ки бо аксуламали нерӯҳои мусаллаҳи муқтадири Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Омрико бидонад, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иқтидор ва омодагии беш аз гузашта, барои дифоъ аз ҳокимият, сарзамин ва манофеи миллӣ бархӯрдор ҳастанд, ки артиши он кишвар бахше аз ин иқтидор ва тавони таҳоҷумиро дар ҷанги таҳмилии севвум таҷриба намуданд.
Мо омода ва мусаммам ҳастем, зимни расади рафтор ва тараддуди душманон дар минтақа ва тадовуми мудирият ва контроли тангаи роҳбурдии Ҳурмуз, дар сурати таҷовузи муҷаддади душманони омрикоӣ-саҳюнистӣ хасоратҳои шадидтареро бар онон ворид кунем”.
Қаламонлайн













