Тромп: “Ба намояндагонам гуфтам, аҷала накунанд”

Тромп: “Ба намояндагонам гуфтам, аҷала накунанд”

Ахбори байналмилал

Тромп дар Truth Social навишт:

“Яке аз бадтарин тавофуқҳое, ки кишвари мо то ба ҳол анҷом дода, тавофуқи ҳастаии Эрон аст, ки тавассути Борок Убомо ва давлати ӯ имзо шуд.

Он тавофуқ, масири мустақиме барои тавсиаи силоҳи ҳастаӣ тавассути Эрон буд. Аммо дар мавриди тавофуқе, ки давлати Тромп дар ҳоли ҳозир бо Эрон дар ҳоли музокира аст, ин тавр нест – комилан баръакс.

Музокирот ба шевае муназзам ва созанда дар ҳоли анҷом аст ва ман ба намояндагонам дастур додаам, ки барои расидан ба тавофуқ аҷала накунанд, зеро замон ба нафъи мост.

Таҳримҳо то замони дастёбӣ, таъйид ва имзо, ба таври комил побарҷо хоҳад монд. Ҳар ду тараф бояд вақт бигузоранд ва итминон ҳосил кунанд, ки тавофуқнома саҳеҳ аст.

Ҳеч ҷойе барои хато вуҷуд надорад! Робитаи мо бо Эрон ҳирфаитар ва пурбортар шудааст. Бо ин ҳол, онҳо бояд дарк кунанд, ки наметавонанд силоҳ ё бомби ҳастаӣ тавлид ё ба даст оваранд.

Ман мехоҳам аз ҳамаи кишварҳои Ховари Миёна ба хотири ҳимоят ва ҳамкориашон, ки бо пайвастани онҳо ба тавофуқномаи таърихии Иброҳим бештар тақвият хоҳад шуд, самимона ташаккур кунам.

Шояд Эрон низ моил ба пайвастан ба ин тавофуқнома бошад!”

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди узви Комиссияи амниятии порлумони Эрон ба чанд маврид дар матни тавофуқ
Тромп: Ду тараф хеле ба ҳам наздик шудаанд

Матолиби пурбоздид