Баёнияи Мудирияти Оброҳи Халиҷи Форс – PGSA

Баёнияи Мудирияти Оброҳи Халиҷи Форс – PGSA

Ахбори байналмилал

Вокуниши ниҳоди тозатаъсиси Мудирияти Оброҳи Халиҷи Форс (PGSA) нисбат ба таҳрим аз сӯйи Вазорати хазонадории Омрико

Ба гузориши Фарорӯ, ниҳоди Мудирияти Оброҳи Халиҷи Форс (PGSA)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҳрим шудани он аз сӯйи Вазорати хазонадории Омрико навишт:

“Вазорати хазонадории Омрико ахиран аз таҳрими PGSA хабар дода. PGSA зимни маҳкумияти ин иқдом, таҳрим шудан тавассути кишваре, ки раиси он ба дуздии дарёӣ ифтихор мекунад, нишонае аз амалкарди мусбати худ медонад.

Тасаллут бар тангаи Ҳурмузро, ки дар майдон ва диплумосӣ ба даст наёвардед, бо таҳрим ҳам ба даст нахоҳед овард.”

PGSA дар иттилоияи дигаре навиштааст:

“Алорағми иқдомоти танишзои Иёлоти Муттаҳида дар обҳои халиҷи Форс ва дарёи Уммон, ин ниҳод дар ростои тасҳили тараддуд, бевақфа ба баррасӣ ва ироаи муҷаввизи убур ба шиноварҳои ғайримутахосим идома медиҳад. Ба зудӣ оморе аз моҳи аввали фаъолияти ниҳоди PGSA мунташир хоҳад шуд”.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро Тоҷикистон бояд расонаҳои форсинавис дошта бошад?
Молики Iran International кист?

Матолиби пурбоздид