Чаро Тоҷикистон бояд расонаҳои форсинавис дошта бошад?
Ёддошти Умеди Ҷайҳонӣ
Расонаҳои тоҷикии форсинавис Тоҷикистонро ба бозори расонаҳои форсизабон мепайванданд, ки беш аз 200 милюн муштарӣ доранд.
Рақобат дар чунин бозоре ҳам расонанигориро дар Тоҷикистон беҳбуду густариш медиҳад ва ҳам абзоре мешавад барои ҳамгунсозии истилоҳот дар миёни кишварҳои форсизабон.
Аз ин рӯ, расонаҳои тоҷикии форсинавис бояд матолиби худро ба забони форсии меъёр омода кунанд. Муҳим корбурди дастури забони меъёр дар ин расонаҳо аст. Агар расонаҳои тоҷикии форсинавис матолибашонро ба ҳамин забони рузбакӣ (русизадаву узбакиолуда) пешкаш кунанд, дар бозори расонаҳои форсизабон ноком хоҳанд шуд.
Роҳандозии расонаҳои тоҷикии форсинавис гоме баланд дар роҳи бозгашти Тоҷикистон ба хатти форсӣ хоҳад буд.
Бино бар ин, хабаргузориҳои расмӣ ва мустақили Тоҷикистон бояд сафҳаи форсӣ дошта бошанд. Роҳандозии сафҳаи форсӣ дар хабаргузории расмии «Ховар» нахустин гом дар ин роҳ аст. Сафҳаи форсии «Ховар» дар сатҳи хабаргузориҳои ҷаҳонии форсизабон хабар таҳия мекунад, вале сафҳаи тоҷикияш пур аз ғалат аст. Бояд хабарнигорҳои тоҷикинависи Ховар аз ҳамкорони форсинависашон кор ёд бигиранд.
Қаламонлайн













